Рубрики
Uncategorized

МАҶЛИСИ ҶАМЪБАСТИИ КУМИТАИ ИҶРОИЯИ ҲХДТ ДАР НОҲИЯИ СПИТАМЕН

Рӯзи гузашта маҷлиси ҷамъбастии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Спитамен  дар толори Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия баргузор гашт. Маҷлис зери таассуротҳои Паёми  навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  баргузор гардид.

Дар маҷлис Раиси Кумитаи иҷроияи ХҲДТ дар вилояти Суғд муҳтарам Исмоилзода Зуфар Муртазохон ва Раиси ноҳияи Спитамен  Нӯмонзода Темурҷон иштирок доштанд.

         Дар маҷлис се масъала баррасӣ гардида, аз рӯи масъалаи якуми рӯзнома раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Спитамен Ойбек Насруллозода  оид ба фаъолияти Кумитаи иҷроия дар соли 2020 ҳисобот дод. Ба музокира се нафар баромада, фаъолияти Кумитаи иҷроияро дар соли сипаригашта хуб арзёбӣ намуданд.

Дар идомаи маҷлис Раиси ноҳия Нӯмонзода Темурҷон баромад намуда, дар доираи расидан ба ҳадафҳои  ҳизбӣ ва нақши он дар ҷомеъ таҳти сарварии Раиси муаззами  ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  суханронӣ намуд.

Сипас раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд муҳтарам Исмоилзода Зуфар зимни суханронӣ самтҳои гуногуни Паём ибрози назар намуда қайд кард, ки Паём ин санади  тақдирсози  мо аст ва тадбирҳое, ки дар он Пешвои миллат андешидаанд баҳри пешравӣ давлатӣ, роҳнамо мебошад.

 Доир ба масъалаи дуюми рӯзнома роҳбари гурӯҳи вакилии ҲХДТ дар Маҷлиси вакилони халқи ноҳия   Ҷамолиён Раҳбарой гузориш дод.  Оиди масъалаҳои рӯзнома қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд.

Дар фарҷом барои фаъолияти пурсамар ба Кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ва дар ноҳияи Спитамен Сипосномаи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Спитамен супорида шуд. Ба узви фаъоли ҳизб Бобоев Наимҷон Сипосномаи Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ ва ба як қатор фаъолон Сипосномаҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ вилоятӣ ва ноҳиявӣ супорида шуда, ба 12 нафар наваъзоён дар вазъи тантанавӣ шаҳодатномаи ҳизбӣ супорида шуд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *