Рубрики
Uncategorized

Меҳвари фаъолияти ниҳодҳои ҳизбӣ

Иқдоми хеле хуб ва саривақтӣ буд ташкил гардидани курси бозомўзии раисони Кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, ки бо ташаббуси роҳбарияти олии ҲХДТ аз санаи 01.03.то санаи 06.03. 2021 дар шаҳри Душанбе дар меҳмонхонаи бошукўҳи «Кохи афсарон» таҳти унвони «Оиннома ва Барномаи ҲХДТ- меҳвари фаъолияти ташкилотҳои ҳизбӣ» ташкил ва гузаронида шуд.

Дар курси бозомўзӣ мо аз суҳбатҳои ҷолиби сиёсатмадорони варзидаи ҷумҳурӣ, роҳбарони вазорату идораҳо, мутахассисони соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи кишвар ва кормандони ботаҷрибаи Кумитаи иҷроияи марказии ҲХДТ баҳра бардоштем.

Дар оғози курси бозомўзӣ муовини якуми Раиси ҲХДТ Азизӣ Абдуҷаббор Абдуқаҳҳор доир ба зарурияти ин курс ва муҳтавою моҳияти барнома ибрози андеша намуд.

Ӯ таъкид дошт,ки омилҳои расидан ба рушди устувори кишвар ва таъмини зиндагонии шоистаи мардум дар меҳвари барномаи ҲХДТ ва барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси муаззами ҲХДТ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, дар амалисозии он мо ҳизбиён бояд саҳмгузор бошем. Таъкид гардид, ки ҳизбиён бояд дар иҷрои корҳои ободонӣ ва созандагӣ ба муносибати 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, тарғиби тарзи ҳаёти солим, пешгирии падидаҳои номатлуб дар ҷомеа, қалби қувваи фаъоли ҷомеа ба сафи ҲХДТ, тарбияи кадрҳо, ба танзим даровардани ҳисоботҳои оморӣ ва молиявӣ, тақвияти сомонаи ҳизбӣ, якрўю якмаром будан дар иҷрои вазифаҳои хизматӣ, масъулиятшиносӣ, тибқи талаботи Оиннома ба роҳ мондани коргузорӣ ва такмили ҳуҷатгузорӣ дар ташкилотҳои ҳизбӣ ҷиддӣ муносибат намоем.

Дар курс Ёрдамчии Президенти Ҷумњурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Раҳмонзода Абдуҷаббор Азиз масъалаҳои иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаро, ки аз Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии кишвар бармеояд, шарҳу тавзеҳ дода иброз дошт, ки робита бо ҷомеа, бо халқ будан меҳвари фаъолияти ҳизбиён бошад. Дар ҷодаи баланд бардоштани маърифати ҷомеа бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардидани озмунҳои « Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст», «Тоҷикистон ватани азизи ман» ва озмуни нави «Илм –фурўғи маърифат» иқдоми хеле зарурӣ аст. Ин озмунҳо барои тақвияти донишандўзӣ, дарёфти истеъдодҳо ва баланд бардоштани сатҳи маърифати аҳли ҷомеа ва дар замири мардуми мо коштани тухми меҳру муҳаббат, дустдорӣ ва эътиқодмандӣ такони ҷиддӣ мебахшанд. Дар ин самт низ ташкилотҳои ҳизбӣ бояд намуна бошанд.

Мо ҳизбиён бояд дар самти татбиқи дастовардҳои даврони истиқлолият, аз даст надодани ҳушёриву зиракии сиёсӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва таҳкими сулҳу ваҳдат, сазовор пешвоз гирифтани санаи фархундаи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешсаф бошем.

Маърўзаҳои Презеденти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ дар мавзўи рисолати илм ва маориф дар таъмини рушди ҷомеа, давлат ва миллати тоҷик, Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Амонзода Ширин Шодӣ дар мавзўи паст кардани шиддати муҳоҷирати меҳнатӣ дар заминаи таъсис додани ҷойҳои нави корӣ, намояндагони Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳо, Прокуратураи генералӣ, Маркази таҳқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Вазоратҳои мудофиа, корҳои дохила, маориф ва илм, Фарҳанг, Агентии назорати маводи нашъаовар, директори Пажуҳишгоҳи иқтисод ва демографияи АМИТ оид ба нақши азҳоби сиёсӣ дар таҳкими амнияти миллӣ, пешгирӣ аз таҳдиду ҳаракатҳои глобалӣ ва таъмини амнияти устувори миллӣ ва вазъи иқтисоди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дурнамои рушди он хеле ҷолиб ва муфид буданд.

Дар барнома оид ба такмили маҳорати роҳбарӣ, коргузорӣ, пешбурди корҳои ҳизбӣ, татбиқ намудани ҳадафҳои созандаи ҲХДТ ва сиёсатмадорӣ маърузаҳои муовинони Раиси ҲХДТ Хайринисо Юсуфӣ ва Асрор Латифзода, роҳбари дастгоҳи КИМ Хонзода Абдураҳмон, кормандони масъули Кумитаи иҷроияи марказии ҳизб Наимов Маҳмаддулло, Ҳабибзода Зоир, раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон Миралиён Қиёмиддин, сармуҳаррири нашрияи ҳизбии «Минбари халқ» Бахтиёр Ҳамдамов дар мавзуҳои тақвияти маҳорати сарварӣ ва ташаккули тафаккури миллӣ, таҳкими корҳои дохилиҳизбӣ- сарчашмаи муҳими фаъолияти Кумитаҳои иҷроия, ташкилоти ибтидоӣ- асоси ҳизб, истифодаи иноватция дар фаъолияти ҳизбӣ, нақши маркази матбуот ва таҷлилӣ дар таҳкими корҳои таблиғотию ташкилотӣ, танзим ва назорати молиявии Кумитаҳои иҷроия хеле арзишманд ва ба маврид буданд.

Курси бозомўзи барои кормандони масъули ҳизбӣ як давраи ба ҳам ошноӣ, шиносоӣ, табодули афкор, омўзиши таҷрибаи ҳамдигар ва дўстии байни минтақаҳои Тоҷикистон буд. Ҳамчунин боздид аз иншооти бузурги аср- НБО Роғун, , боздид аз Китобхонаи миллӣ, Осорхонаи миллӣ, боғҳои Парчами давлатӣ, Нишони давлатӣ ва устод Рўдакӣ ва дигар мавзеҳои зебои маркази ҷумњурӣ, суҳбат бо роҳбарият ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии кишвар оид ба нақши Фраксияи ҲХДТ дар Маҷлиси намояндагон ва таҳкими қонуният дар ҷумњурӣ, иштирок дар консерти хотирмони Оркестри синфонии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, тамошои намоиши хотирмон дар театри Аҳорун, суҳбату мулоқотҳо бо олимону зиёиён ва ҳунармандони барўманди кишвар хеле хотирмон буд.

Мо аз ин курси бозомўзӣ бо хотираи ҷолиб, таҳлили малакаи касбӣ, бардоштҳо аз таҷрибаи кории ноҳияҳои шаҳри Душанбе сайқали андеша баргаштем. Умедвор ҳастам, ки курси мазкур барои пешрафти корҳои ҳизбӣ, дар амал татбиқ намудани ҳадафҳои Оиннома ба Барномаи ҲХДТ, пешбурди корҳои ҳизбӣ дар кумитаҳои иҷроияи ҳизбӣ, тақвияти маҳорати касбӣ ва роҳбарии раисони кумитаҳои иҷроия дар шаҳру ноҳияҳои кишвари азизамон такони ҷиддӣ бахшид.

Мурод Шукурзода- раиси КИ ҲХДТдар шаҳри Панҷакент

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *