17-феврали соли равон ҳайати кории ҲХДТ дар вилояти Суғд таҳти роҳбарии муовини ҲХДТ дар вилояти Суғд Аминҷон Шарифзода ба ноҳияи Зафаробод сафар карда аз ҳавзаи интихоботии “Пахтакор №50” дидан намуданд. Гӯрӯҳи корӣ бо сокинон оид ба нуктаҳои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат-Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии ва номзад ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд аз ҳавзаи интихоботии “Пахтакор №50” Исмоилзода Зуфар Муртазохон сухан намуданд. Зикр карда шуд, ки барои ноил гардидан ба натиҷаҳои арзанда дастурҳои Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санади раҳнамо буда, танҳо меҳнати содиқона ва масъулияти баланд метавонад моро ба мақсад расонад. Инчунин Зимни мулоқот гурӯҳи ташвиқотию тарғиботӣ доир ба масъалаҳои ҷалби наврасону ҷавонон, калонсолон ба хондани китоб, фаъолияти назаррас нишон додан бахшида ба 20- солаи омўзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф, баланд бардоштани маърифати сиёсии ҷавонон ва тарбияи онҳо аз ҷониби волидон дар якҷоягӣ бо мактаб, ҷалби ҷавонон ба хизматӣ ҳарбӣ, шомил нашудани чавонон ба ҳизбу харакатхои экстримистиву террористи сухан намуданд.
Рубрики