Рубрики
Uncategorized

«МИРЗО ТУРСУНЗОДА ТАРАННУМГАРИ ҒОЯҲОИ ВАТАНПАРВАРӢ ВА ДӮСТИИ ХАЛҚҲО»

Тибқи нақша – чорабиниҳои КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов маҳфили фарҳангӣ – бадеӣ таҳти унвони “Мирзо Турсунзода тараннумгари ғояҳои ватанпарварӣ ва дӯстии халқҳо” ба ифтихори 110-солагии вассофи сулҳу дӯстӣ, Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода бо иштироки ҷавонони Гимназияи №1-и ноҳияи Ҷаббор Расулов баргузор гардид. Мақсади асосии чорабинӣ бобати тарбияи хонандагон дар рӯҳияи худогоҳиву ватандӯстӣ ва эҳтироми арзишҳои миллӣ равона гардида, хонандагон тавонистанд, ки нақш ва ҷойгоҳи Мирзо Турсунзодаро дар пешрафти адабиёт ва фарҳанги тоҷик муаррифӣ намоянд.

Сипас мудири шуъбаи занон ва ҷавонони КИ ҲХДТ дар ноҳия Алимова Наргиза баромад намуда, оид ба хизматҳои шоёни қаҳрамони халқи тоҷик Мирзо Турсунзода суханронӣ намуд. Иштирокчиёни маҳфил бо пешниҳоди шеърҳо, достонҳо аз ҳаёту рӯзгори қаҳрамони миллат Мирзо Турсунзода чорабиниро хотирмон намуданд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *