Рубрики
Uncategorized

МИРЗО ТУРСУНЗОДА ШОИРИ МАҲБУБИ ХАЛҚ

Имрӯзҳо дар саросари кишвари азизамон ба истиқболи 110-солагии устоди сухан, тӯдакаши соҳибсалиқаи каломи бадеъ, адиби рангинхаёлу ширинбаён, вассофи сулҳу ваҳдати оламиён, Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода чорабиниҳо ва маҳфилҳои илмиву адабӣ баргузор гардида истодааст.

Санаи 16.04.2021 дар китобхонаи марказии шаҳр тибқи нақшаи кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Конибодом ба ифтихори ин санаи муборак маҳфили илмӣ – адабӣ таҳти унвони “ Мирзо Турсунзода шоири маҳбуби халқ” роҳандозӣ гардид. Дар чорабинӣ – муовини раиси кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Салимзода Мадинахон ва мутахассиси шӯъбаи умумии кумиҷроияи вилоятии ҲХДТ Боқиева Маҳинахон иштирок намуданд.

Нахуст чорабиниро муовини Раиси кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Конибодом Фирӯза Шерматова оғоз бахшид. Баъдан намояндаи кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Салимзода Мадинахон сухан карда, баргузории чунин маҳфилҳоро ҷиҳати тарбияи ҷавонону наврасон дар рӯҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ , тарғиби сулҳу дустӣ ва расидан ба қадри ваҳдату якдилӣ муҳим арзёбӣ намуд.

Дар рафти чорабинӣ маъруза , шеърҳо ба якчанд забонҳо аз ашъори Мирзо Турсунзода қироат гардида, саҳнаҳо аз лаҳзаи ҳаёти шоир пешкаши ҳозирин гардонида шуд. Иштирокчии озмуни ҷумҳуриявии ” Фуруги субҳи доноӣ китоб аст” муҳассилиги муассисаи таълимии рақами 23 аз номинатсияи шоирӣ ҷавобия ба чанд шеъри Мирзо Турсунзода чун барги сабзе кироат намуд.

Садои сурудҳои намояндагони бахши фарҳанги шаҳр аз ашъори пурғановати устод Мирзо Турсунзода ба маҳфил ранги дигар бахшид.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *