Рубрики
Uncategorized

МОДАР ЯКТОСТ – ТОҶИКИСТОН ЯКТОСТ

КИ ҲХДТ дар ноҳияи Айнӣ тибқи барқияи КИВ таҳти рақами №20 ҷиҳати баргузор намудани чорабиниҳои ҷашнӣ бахшида ба Рӯзи Модар ва дарёфти хонандагони лаёқатманд дар байни якчанд муҳассилини зинаи сеюми таҳсилоти муассисаҳои таълимии ноҳия озмуни иншои беҳтарин дар мавзӯи “Модар яктост, Тоҷикистон яктост” – ро доир намуд, ки дар марҳилаи якуми он якчанд толибилмони муассисаҳои таълимӣ фаъолона ширкат варзида, доир ба мавзӯи пешниҳодгардида иншоҳои навиштаи хешро пешниҳоди гурӯҳи тафтишотии кумиҷроияи ноҳия намуданд.

Дар натиҷаи азназаргузаронии иншоҳои пешниҳодгардида, хонандагони МТМУ №14- Оқилова Табассум, МТМУ №46 – Муҳаммедова Ҳамроза, МТМУ №37 – Мавлудаи Ғайратшоҳ ҷиҳати банду басти ҷумлаҳо, пайдарҳамии фикр, хатти зебо, иҷрои талаботҳои имлоӣ, китобӣ ва услубӣ сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд.

Бо мақсади ҳавасманд намудани хонандагони фаъол, ки дар озмун сазовори ҷойҳои намоён гардиданд, масъулини кумиҷроия ба муассисаҳои таълимии №14 ва №46 ташриф оварда, ғолибонро дар ҳузури хонандагон ва устодон бо Сипоснома ва туҳфаҳои таъсисдодаи кумиҷроияи ноҳиявӣ сарфароз гардониданд.

Зимни мулоқот бо хонандагон қайд карда шуд, ки мо имрӯз хуб дарк намоем, ки роҳи ягонаи амалӣ намудани мақсадҳои накӯ, пайдо намудани мавқеи худ дар ҷомеа ва саҳм гузоштан дар рушди минбаъдаи кишвар танҳо тавассути омӯхтани илму дониш ва аз бар намудани касбу ҳунарҳои гуногун муяссар мегардад. Аз ин лиҳоз моро мебояд пайваста болои худ кор кунем, ба ҳар гуна ақидаҳои ҳуруфотии гурӯҳҳои иртиҷоӣ дода нашуда, пайи омӯзиш шавем. Зеро ояндаи миллат аз ҷавонони соҳибхираду ташаббускору созанда вобастагии калон дорад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *