Имрӯз дар Қасри фарҳанги ноҳияи Шаҳристон барои дастгирии кӯдакон ва наврасони лаёқатманди аз 6 то 18 сола, ки ба гуруҳи маъюбӣ шомиланд, бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон даври ноҳиявии озмуни ҷумҳуриявии “Мо бо шумоем” дар сатҳи баланд баргузор карда шуд. Дар озмуни мазкур аз тамоми деҳаҳои ноҳия кӯдакону наврасони маъюб бо волидонашон иштирок намуда, маҳорати шеърхонӣ, сурудхонӣ, рақс ва ҳатто ихтирооту санъати рассомии худро нишон доданд.
Дар оғози озмун Раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳристон Рустам Қодирӣ баромад намуда, ҳозиринро бо 76-солагии Рӯзи Ғалаба, Иди Саиди Фитр ва 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон шодбош намуда, аз дастгирию эътибори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати ҷавонону наврасони имконияташон маҳдуд ёдрас намуд.
Дар ҷамъбасти озмун барои иштирокдорон сурудҳои дилангез аз ҷониби санъаткорони Қасри фарҳанги ноҳияи Шаҳристон суруда шуда, ба ҳамаи наврасони маъюб тӯҳфаҳои хотирмони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳристон супорида шуд.