Рубрики
Uncategorized

Мо шуморо фаромуш накардаем

          Ин субҳ гурӯҳи аъзоёни ТҶҶ “ Созандагони Ватан” бо раҳнамоии мудири шӯъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент Қобилҷон Ҷалолов ба зиёрати мадфани  хуфтагони қабристони “Таги камар”-и шаҳри Панҷакент омаданд. Мадфани даҳҳо нафар собиқадорони  ҷанг низ ин ҷо аст.

         Онҳо ба рӯҳи гузаштагон дуо фиристоданд ва ба кор пардохтанд. Ҳарчанд ин хокҷои ҳамдиёрон бо кӯшиши муассисаи манзилӣ- коммуналии шаҳр ва бастагони аҳли қубур пайваста тозаю озода нигоҳ дошта мешавад, барои ҷавонон низ имрӯз кор ёфт шуд.  Онҳо  роҳравҳо ва атрофи мадфани хуфтагонро тозаю озода намуданд, об заданду рӯфтанд, партовҳои ҷамъшударо бароварданд.

          Ин оғози ҳафтаи поси хотир буд, ки чун анъана ҳамасола арафаи Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги дуюми ҷаҳон баргузор мешавад. Кумитаи иҷроия тасмим гирифтааст, ки давоми Ҳафтаи поси хотир бо ҷалби ҷавонон чунин аксияҳоро дар дигар минтақаҳои шаҳр низ баргузор намояд, ба аёдати иштирокчиёни ҷанг, ки ҳамагӣ ду нафар дар қайди ҳаёт ҳастанд ва онҳое, ки дар ақибгоҳи ҷанг заҳмат кашидаанд, раванд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *