Рубрики
Асосӣ

МО ҶОНИБДОРИ ҲАЁТИ СОЛИМ

Санаи 2 декабри соли равон дар толори Маркази назорати давлатии санитарию эпидимологӣ дар вилояти Суғд бо иқдоми Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд дар якҷоягӣ бо Маркази пешгирӣ ва мубориза бо бемории пайдошудаи норасоии масуният (БПНМ) дар вилояти Суғд вохӯрӣ бо намояндагон ва кормандони якчанд ташкилоту марказҳову донишгоҳҳо баргузор гардид. Ҷамъомадро Раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар Муртазохон ифтитоҳ бахшиданд. Мавсуф қайд намуданд, ки имрӯз муқовимат бар зидди ин беморӣ дар ҷомеаи ҷаҳон аз ҷумла дар Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо низ бо ташабусси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дида мешавад. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат бо вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният» ҳанӯзам аз 28 декабри соли 2005 таҳти №150 ва бо мақсади пурзӯр намудани раванди паҳншавии эпидемияи вируси норасоии масунияти одам дар Тоҷикистон, бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 феврали соли 2020, №50 “Барномаи миллӣ оид ба муқовимат ба эпидемияи вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуният дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025” ва Нақшаи амалигардонии он тасдиқ шудааст. Имрӯз мо зери таассуротҳои амиқи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд дар доираи 30-солагии ҷашнгирии Иҷлосияи XVI- и Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорем. Дар сафарҳои расмии Ҷаноби Олӣ ҳусни ифтитоҳ бахшидани як чанд соҳаҳо аз ҷумла соҳаи тандурустӣ ба назар расид. Вобаста ба пешгирии ин намуди беморӣ дар ҳамкорӣ бо ташкилотҳои байналхалқӣ корҳои мусбӣ амалӣ гардида истодаанд. Ҳамкорӣ бо волонтерҳо, гузаронидани ҳамагуна чорабиниҳои фаҳмондадиҳӣ, корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ гузаронида шуданд.
Раиси муаззами ҲХДТ дар Паёмҳояшон пайваста ба соҳаи тандурустӣ таваҷҷӯҳи махсус зоҳир менамоянд. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки солҳои охир сироятёбӣ бо барангезандагони ҳаргуна бемориҳо ба яке аз мушкилоти асосии соҳаи тандурустӣ табдил ёфтааст. Дар соли сипаришуда 2723 иншооти соҳаи тандурустӣ, аз ҷумла 1546 иншоот ба маблағи 3,5 миллиард сомонӣ аз ҳисоби буҷети давлат бунёд ва мавриди истифода қарор дода шуд.
Дар замони соҳибистиқлолии кишвар дар деҳаҳои дурдастарин низ якчанд бунгоҳҳои тиббӣ бунёд гардида барои бурдани тарзи ҳаёти солим мусоидат намуданд.
Ҳамзамон, Директори маркази пешгирӣ ва мубориза бо бемории пайдошудаи норасии масуният Аълочии тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуллозода Абдумавлон Абдумаҷид зимни суханронӣ аз бемории СПИД ё худ вируси норасоии масунияти одам изҳори назар карда, иброз дошт, ки тибқи маълумоти Ташкилоти умумиҷаҳонии Тандурустӣ, шумори ҷаҳонии гирифторони вируси норасоии масунияти одам дар соли 2021-ум 38,4 миллион нафарро ташкил дода, аз оғози эпидемия 40,1 миллион нафар бар асари бемориҳои марбут аз СПИД фавтидаанд.
Воқеан ҳам, бемории СПИД ё худ вируси норасоии масунияти одам муаммои мубрами рӯз буда, ба тамоми миллатҳо таҳдид менамояд. Эҳтимол то ба имрӯз дар тамоми дунё даҳҳо миллион инсон ба вируси ин беморӣ мубтало шуда бошанд. Вируси норасоии масунияти одам системаи муҳофизати бадани инсонро, ки ба бемориҳои гуногунӣ муқобилият менамояд, хароб намуда, боиси марги онҳо мегардад.
Дар идомаи ҷамъомад доири баланд бардоштани саҳми занон дар ҷомеа ва пешгирии саломатии оилавӣ Саодат Аминҷонова, муовини сардухтури БКШ №1, вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд баромад намуда, аз ҷумла чунин гуфт: “Одамоне, ки бо ВНМО зиндагӣ мекунанд, пеш аз он ки ба ёрии тиббӣ ниёз доранд, бояд бо мушкилоти равонӣ мубориза баранд. Омӯзиши зиндагӣ бо ВНМО кори душвор буда, барои он кӯшиши зиёд ва инчунин дастгирӣ ва кӯмаки наздикону мутахассисонро талаб мекунад”.
Баъдан Индира Акмалхӯҷаева, сардори шӯъбаи ташкилии хизматрасонии тиббӣ ба модару кӯдаки Раёсати тандурустии вилоят ва Хайринисо Темирова, собиқадори ҳизбу меҳнат суханронӣ намуданд.
Дар қисмати дуюми ҷамъомад аз тарафи Кумиҷроияи вилоятӣ барои саҳми арзанда дар пешрафти Тоҷикистони соҳибистиқлол ва тарзи ҳаёти солим, аз ҷумла амалӣ намудани маҷмўи чорабиниҳои муқовимат ба паҳншавии вируси норасоии масунияти одам ва бемории пайдошудаи норасоии масуниятро танзим намудан ба якчанд нафар кормандони БПНМ дар вилояти Суғд бо Сипосномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд аз ҷониби Раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд, муҳтарам Исмоилзода Зуфар Муртазохон бо тантана супорида шуд.
Бо ҳамин ҷамъомади КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд дар якҷоягӣ бо Маркази назорати давлатии санитарию эпедимологӣ дар вилояти Суғд хотима ёфт.
Мадина ЗОИДОВА,
“Сухани халқ”

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *