Шоми 07.10.2021 барои иштирокдорони чорабинии фарҳангӣ, ки бахшида ба 30-солагии Истиклолияти давлати дар варзишгохи 20-солагии Истиклолият вокеъ дар шаҳри бостонии Хуҷанд баргузор гардид, фаромӯшнопазир аст.
Анбӯҳи одамон даревор хандону шукуфон ва ороставу пероста шурӯъ аз нисфирузӣ сӯи варзишгох мешитофтанд. Аз ҳар ҷониб гуфтугӯи пиру барно ба гӯш мерасид, ки хама шукрона ба лаб аз Тоҷикистони ободу озод ҳарф мезаданд. Шукри Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон мегуфтанд, ки фазои орому осоиштаро барояшон фароҳам овардаву дар хар гӯшаву канори Тоҷикистон базми шодмониву хурсандист ва садои суруду мусиқӣ дар фазои кишвар танинандоз аст.
Гуфтанд, ки он шоми дилангез дар варзишгоҳ беш аз 50 хазор нафар тамошобин ва иштирокчиёни чорабинӣ ҷамъ омада буданд ва ҳама интизори омадани Пешвои миллат буданд. Чун ақрабақи соат ба 18:00 расид, Қаҳрамони Тоҷикистон ба варзишгох ворид шуданд. Мавҷи кафкӯбиҳои осмонкаф ва нидоҳои шодмонии интизорбудагон гӯё варзишгоҳро ба ларза овард. Эмомалӣ Раҳмон бовиқору сарбаланд қадам мезаданд ва чашмҳои пурмеҳри ҳамагон сӯи ин ҷавонмарди тавонову хирадсолор дӯхта шуда буданд.
То баромадан ба минбари ороста ҳануз ҳам гулгулаи хурсандибахши одамон ба фазо мепечид. Садои маргуладори Пешвои азиз ба мардум ороми бахшид.
Эмомалӣ Рахмон ахли ҳузурро бо ҷашни Истиқлолият табрик гуфтанд ва аз дастовардхои 30 соли соҳибистиқлоли дар вилоят сухан ронда, бо меҳру самимият сокинони вилоятро бо ҷашни бузурги миллат табрик намуданд.
Барномаи театрикунонидашудаи фарҳангии ҳунармандони вилоят хеле рангину зебо ҷараён гирифт. Баъд аз анҷоми он садхо мушак ба хаво паронида шуда, фазои шаҳрро ситораборон карданд.
Барҳақ як шоми пурситораву саодатборе буд он шом ва ҳузури Президент, гуфтор ва дидори ӯ хеле сурурбахш буд.
Чунин зебо буд он шом ва ин гуна рӯзу шомҳоро интизорем. Зеро ҳар куҷое, ки Пешвои миллат кадам мегузоранд, он ҷо хушбахтист, хурсандист, гулистону бӯстон мешавад он ҷо…
Моҳира Раҳимзода
“Сухани халқ”