Рубрики
Асосӣ

МУЛОҚОТИ СУДМАНД

  КОНИБОДОМ: Тибқи дастури шаҳрдори шаҳри Конибодом Абдусалом Тӯхтасунзода гуруҳи кории тарғиботӣ  дар ҳайати муовини раиси Шурои ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Ҷумҳурии Тоҷикистон  Ашурматзода Замира Ӯктам, раиси Шӯрои собиқадорони МИҲД-и шаҳри Конибодом Наимҷон Ғаниев, муовини Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Конибодом Фируза Шерматова мувофиқи нақша мулоқотҳои тарғиботиро дар ҳудуди ҷамоатҳои деҳоти шаҳр бо сокинон дар мавзуи масъалаҳои мубрами рӯз роҳандозӣ намуда истодаанд.

 Чунин мулоқоти судманд субҳи 10уми октябр дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Патар бо сокинони деҳаҳои Ғалаба, Деҳқонобод, Нурафшон ва Дӯстӣ баргузор гардид.

     Иштирокдорон бобати пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ,  даъвати ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ, пешгирии вайроншавии оилаҳои ҷавон, 30-солагии Иҷлосияи тақдирсоз, самаранок истифодабарии барқ ва замин андешарониҳо намуда, аз ҳозирин даъват ба амал оварданд, ки шукргузори ин меҳани обод ва кишвари тинҷу осудаамон бошанд ва дар ботини фарзандони хеш ҳисси баланди ватандӯстӣ ва худогоҳии миллиро талқин намоянд.

Мулоқотро  Раиси ҷамоати деҳоти Патар Беков Диловар саривақтӣ шуморида ,ҷамъбаст намуд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *