Рубрики
Асосӣ

Мулоқот бо Вазири Федералии корҳои хориҷии Олмон Ҳайко Маас

30 августи соли 2021 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазири Федералии корҳои хориҷии Олмон Ҳайко Маасро ба ҳузур пазируфт.

Зимни мулоқот ҷонибҳо ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Федеративии Олмон, мавзӯъҳои мубрами рӯзномаи минтақавӣ ва байналмилалиро матраҳ намуданд.

Вазъи пурпечутоб ва ташвишовари Афғонистон меҳвари гуфтугӯ байни ҷонибҳо буд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар роҷеъ ба вазъи мураккаб дар Афғонистон ва таъсири он ба минтақаи Осиёи Марказӣ изҳори ташвиш карда, назари кишвари моро ба ҳолати кунунӣ ва паёмадҳои он ироа кард.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр кард, ки яке аз омилҳои ба эътидол омадани вазъ дар Афғонистон ин таъсиси Ҳукумати фарогир бо иштироки намояндагони тамоми гурӯҳҳои этникӣ мебошад.

Сарвари кишвар бо такя ба нақши СММ таъкид кард, ки таҳти сарпарастии ин Созмон ва иштироки фаъоли ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ташаккули Ҳукумати фарогир дар Афғонистон тадбирҳои лозима андешида шаванд.

Ба андешаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин ҳолати ниҳоят мушкил, кишварҳои қудратманд бояд бетарафиро пеша накунанд ва барои истиқрори вазъ дар ҳамсоякишвар кушиш ба харҷ диҳанд, дар акси ҳол Афғонистон метавонад ба ҷанги шаҳрвандии тӯлонӣ кашида шавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват кард, ки бо дарназардошти буҳрони иқтисодиву иҷтимоӣ ба мардуми Афғонистон мусоидати ҳаматарафаи мақсаднок расонида шавад.

Ҳамзамон ба расонидани кумак дар таҳким ва ҳимояи марз миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Афғонистон аз ҷониби Ҷумҳурии Федеративии Олмон ва ҷомеаи байналмилалӣ таваҷҷуҳ зоҳир карда шуд..

Ҷонибҳо аз эҳтимоли мубаддал гардидани Афғонистон ба пойгоҳи террористони байналмилалӣ изҳори нигаронӣ карда, омодагии хешро барои мубориза бо терроризм, ифротгароӣ ва ҷинояткории фаромиллӣ изҳор доштанд.

Вазири федералии корҳои хориҷии Олмон дар муътадил намудани вазъ тавассути гуфтушунидҳо ва таъсиси ҳукумати фарогир мусоидат намуданро иброз намуд.

Манбаъ: http://www.president.tj/node/26419

 

 

 

 

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *