Рубрики
Uncategorized

МУЛОҚОТ БО ОМӮЗГОРОН

Санаи 15-уми июни соли ҷорӣ тибқи нақшаи чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Конибодом мулоқоти масъулини кумиҷроияи шаҳрии ҳизб ва вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Конибодом, аз ҳавзаи интихоботии №35 “Пахтакор” Туранов Салим бо аҳли ҷамоатчигии муассисаҳои таълимии № 18 ва №47 баргузор гардид.  Зимни мулоқот мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти кумиҷроияи шаҳрии ҳизб Қобилов Аббос доир ба сафари навбатии расмии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ибрози ақида намуда, мулоқоту вохӯриҳои самимии сарони ҳарду кишварро омили қавитар гардидани муносибатҳои миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон ва мустаҳкам гардидани бовариву эътимод нисбати сиёсати тарафайн арзёбӣ намуд. Дар давоми суханронии худ намояндаи кумиҷроияи шаҳрии ҳизб ба имзо расидани беш аз 30 созишномаҳои байни Ҳукуматҳои Тоҷикистону Ӯзбекистонро омили ба сатҳи нави муносибати байнидавлатӣ расидани тарафайн ҳисобида, дӯстиву бародарии байни халқиятҳои тоҷику ӯзбекро калиди ҳалли ҳамаи мушкилот арзёбӣ намуд. Вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳр бошад, зимни суханронии худ доир ба масъалаҳои мубрами рӯз, аз қабили истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ ва аз он гирифтани то се ҳосил, пешгирии падидаҳои номатлуб дар ҷомеа, алалхусус пешгирии ҷинояткорӣ миёни наврасону ҷавонон, мубориза зидди терроризму экстремизм, амалишавии қонунҳои миллӣ ва тарбия намудани наврасону ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстиву худогоҳӣ андешаронӣ намуд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *