Рубрики
Uncategorized

МУЛОҚОТ БО СОКИНОНИ ЗАРЗАМИН

 НОҲИЯИ БОБОҶОН ҒАФУРОВ Бо мақсади дар сатҳи баланд таҷлил намудани  24-солагии Ваҳдати миллӣ ва 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри тарғибу ташвиқи натиҷаҳо аз сафари расмии  Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон, ташрифи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд   кумитаи иҷроияи вилоятӣ тибқи нақшаи тасдиқгардида дар тамоми шаҳру навоҳии вилоят силсилаи мулоқоту вохӯриҳоро доир намуда истодааст.

  Чунин вохӯрӣ имрӯз дар ҷамоати деҳоти Зарзамин бо иштироки собиқадори ҳизб, устоди ДДХ Юлдошев Рустам Рӯзибоевич, аъзои гурӯҳи тарғиботии вилоятӣ Эрагашев Нозимҷон,  раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Анварзода Амирҷон ва раиси ҷамоат Ҷураева Мавлуда гузаронида шуд.

    Зимни мулоқот баромадчиён қайд намуданд, ки дар ҳақиқат,  Президенти кишвари дӯсту ҳамсоя зимни ин сафари расмӣ  дар музокироти васеъ бо иштироки ҳайатҳои расмии ду давлат маҷмуъи васеи масоили дӯстию ҳамкории Тоҷикистону Ӯзбекистонро баррасӣ  карданд. Аз руи натиҷаи музокироти сатҳи олӣ ва дар маҷмуъ зимни сафари расмӣ 36 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид.

  Инчунин дар мулоқот оид ба аҳамияти таърихии Ваҳдати миллӣ ва Истиқлолити давлатӣ гуфта шуд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *