Рубрики
Uncategorized

Мулоқот бо ҷавонон

        Бо мақсади тарғибу ташвиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, пешгирии шомилшавии ҷавонон аз ҳизбу ҳаракатҳои ифротгароӣ, тарбия намудани ҷавонон дар руҳияи худогоҳиву худшиносӣ дар асоси нақшаи кории Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Маркази тарбиявӣ”, муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1 бо иштироки муҳассилини синфҳои болоӣ мулоқот доир карда шуд.

      Масъулон мудирони шуъбаи таблиғот ва иттилоот, бахши занон ва ҷавонон Кумиҷроияи шаҳрӣ дар баромади худ оид ба мафҳум ва моҳият, омилҳо ва оқибатҳои шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ ибрози сухан намуданд. Қайд гардид, ки яке аз сабабҳои шомилшавии ҷавонон ба ин гурӯҳҳо истифодаи телефонҳои мобилӣ ва интернет мебошад.

      Падару модарон бояд ба ин гуна зуҳуроти нангин мубориза баранд.Фарзандони худро дар руҳияи худогоҳиву худшиносӣ тарбия намоянд. Дар фарҷоми мулоқот ба саволҳои додашуда посухҳо дода шуд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *