Рубрики
Uncategorized

Мулоқот дар қисми низомӣ

  Мувофиқи нақшаи кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Конибодом дар қисми низомии 04080 , ки дар ҳудуди шаҳри Конибодом воқеъ аст, мулоқот бо иштироки  мудири шӯъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд  Мутрибахон Бобоҷонова ва муовини Раиси кумиҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Конибодом Фирӯза Шерматова доир гардид. Ҳозирин сараввал ҷиҳати нуктаҳои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон андешаронӣ намуда, ҳамчунин нақши Қувваҳои мусаллаҳи кишварро тули 28-соли арзи ҳастӣ муҳим арзёбӣ намуданд. Намояндаи кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд сарбозону афсарони қисми низомиро аз номи Раёсати кумитаи иҷроияи вилоятии ҲХДТ ба муносибати 28-солагии Артиши миллӣ самимона шодбош гуфт. Сипас чанде аз афсарону сарбозон ба сухан баромада, қаноатмандии худро бобати шароитҳои мусоиди макони шуҷоат ва мардонагӣ ба Пешвои миллат баён дошта, иброз доштанд, ки то ҷон дар бадан доранд, ин марзу буми аҷдодиро аз чашми нохалафон ҳифз хоҳанд кард. 

Дар фарҷоми мулоқот аз китобхонаи қисми низомӣ дидан намуда, бо мақсади афзудани ҷаҳони маънавии сарбозону афсарон ба китобхона 22 адад китобҳои илмиву бадеӣ тақдим карда шуд.  

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *