Рубрики
Uncategorized

Мулоҳиза: Бадахшон пораи ҷисми ману туст

 Воқеаҳои хунине, ки чанд рӯз қабл дар  Вилояти Мухтори Бадахшони Кӯҳӣ, хоса дар шаҳри Хоруғ ва ноҳияи Рӯшон бо иғвоангезии ба ном лидерҳои ғайрирасмии он ҷо рух доданд, чун ҳама ҳамватанон маро низ ба ташвиш гузоштанд. Барҳақ, Бадахшон як пораи ҷисми воҳиди Ватан аст ва ба фармудаи Саъдии бузург ”Чу узве ба дард оварад рӯзгор, Дигар узвҳоро намонад қарор”

 Ҳоло мешунавам, ки баъзеҳо дар ин ҳаводис ҷониби давлат санги маломат меафкананд. Худ биандешед, гурӯҳе, ки худро соҳиби тақдири маҳал медонад,сару сарвари ҷомеа мепиндорад, ҷамъ меоянду роҳи байналмилалиро мебанданд. Дар ин маврид, давлат бояд чӣ кор кунад? Даст болои даст монда нишинад, то он онҳо худро  далертар гиранду ба амалҳои боз ҳам тахрибкоронаи дигар даст зананд?

Албатта, неруҳои интизомии ҳар  давлат ба ин ҳеҷ гоҳ роҳ намедиҳанд.  Ва онҳо ба ин амали онҳо ҷавоби сангин доданд ва нагузоштанд, ки ин иғво дар дигар минтақаҳои Бадахшон сироят намояд.

 Дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳоло матолиби гуногун дар бораи даст доштани баъзе гурӯҳҳои тундгарою ифротӣ дар ҳудуди давлати ҳамсояи бо Бадахшони Тоҷикистон ҳамсарҳад ба ин иғвогариҳо ба нашр мерасанд.  Онҳо то чи андоза ба ҳақиқат наздиканд, ҳоло чизе гуфтан душвор аст ва он аз эҳтимол  дур ҳам нест.  Хабарҳо дар бораи таъсиси ҷиноҳи низомии  ҳизби мамнӯъи наҳзат ва ба ном Паймонии миллии Тоҷикистон, ки “фарзанд ва фарзандхонд”-и Кабирӣ ҳастанд, низ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба назар мерасанд. Ҳарчанд Кабирӣ пардапӯшӣ мекунад, вале онҳо ба гурӯҳҳои ифротию тундрави ҳоло дар ҳудуди Афғонистон қарордошта шояд такя мекунанд. Албатта, ҷилавгирӣ аз ҷонибдорони онҳо дар дохил кори мақомоти марбутаи давлат аст.

Мардуми сарбаланди тоҷик он мардуми солҳои 90-уми асри 20 нестанд, ки  гумроҳ шаванд. Имрўзҳо баъзе аз ҷавонони ноогоҳи мо тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ ба боварии роқбарияти ҳизбҳои терористӣ ва экстремистӣ даромада, тинҷиву оромии Ватан, хешу ақрабо, модару падар, зану фарзанди  хешро ба як маблағи ночиз иваз менамоянд.Бояд мо  ба оромиву осудагии ин Ватан шукрона гўем ва нагузорем, ки  нохалафе бо иғвое онро халалдор намояд. Ва мардуми сарбаланди Бадахшон хусусан, шаҳри Хоруғ ва ноҳияи Рўшон дарк намуданд, ки он хоинони миллат ба фоидаи онҳо не, балки  супориши “сармоягузоронашон” кор мекунанд. Ҳодисаҳое, ки дар давлати ҳамсояамон -Афғонистон рўй медиҳад,барои мо бояд панд бошад.

 Бо боварии комил гуфта метавонам, ки мардуми бофарҳанг ва сарбаланди  Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз як гиребон сар бароварда, барои ободӣ ва оромии ҷомеа ба монанди Қаҳрамони Тоҷикистон Шириншоҳ Шоҳтемур софдилона хидмат менамоянд.

Муҳаммадтоҳир Мухторов – сармутахассиси шўъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои   КИ ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *