Дар ноҳияи Шаҳристон бахшида ба Рӯзи Ҷавонони Тоҷикистон дар байни ҷавонони ташкилотҳои ибтидоӣ мусобиқаҳои варзишӣ баргузор гардида истодааст.
Дар асоси нақшаи корӣ мудири бахши занон ва ҷавонони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шаҳристон Примқулова Зебо дар мусобиқаи варзишии намуди волейболи байни ташкилотҳои ибтидоии “Навкент” ва “Омӯзгори ҷавон” ширкат намуда, дар рафти бозӣ ба дастаҳо ҳамроҳ гардид.