Рубрики
Uncategorized

МУТТАҲИДИВУ ЯКДИЛӢ МАРОМИ ҲИЗБИ МОСТ!

Тибқи нақшаи чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Конибодом мулоқоти мудири шуъбаи иттилоот ва таблиғоти кумиҷроияи шаҳрии ҳизб бо омӯзгорони муассисаи таълимии №12 деҳаи Равоти ҷамоати деҳоти Пӯлодон доир гардид. Зимни мулоқот намояндаи кумиҷроияи шаҳрии ҳизб бобати маромҳои бунёдкоронаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, дастовардҳои давлату Ҳукумат дар даврони 30 соли соҳибистиқлолӣ, амалишавии қонунҳои миллӣ, пешгирии падидаҳои номатлуб миёни ҷавонон, дар меҳвари асосии сиёсати давлату Ҳукумат ва Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон қарор гирифтани соҳаи маориф, расидан ба қадри сулҳу оромӣ ва суботи комили сиёсӣ ибрози ақида намуд. Зимни баромадаш намояндаи кумиҷроияи шаҳрии ҳизб таъкид намуд, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон чун нерӯи бузурги сиёсӣ мақсади дар атрофи сиёсати пешгирифтаи роҳбари давлат сарҷамъ намудани мардумро дошта, тамоми кӯшишу ғайрат ва донишу таҷрибаи аъзоёнашро барои боз ҳам рушду нумуъ намудани Тоҷикистони соҳибистиқлол равона намуда истодааст. Иштирокдорон низ оид ба мавзуи мазкур ибрози афкор намуданд. Дар фарҷом ба чанде аз омӯзгорони муассиса шаҳодатномаи ҳизбӣ супорида шуд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *