Ватан аз гаҳвора ва аз домани модар сар мешавад. Ватан бӯйи модар, садоқати падар ва номуси хоҳару бародар дорад. Ҳамеша бо ёди Ватан будан ва дар ҳавои он зистан шарафу ифтихор аст.
Вақте, ки шахс вожаҳои зодбум, диёр, кишвар, ватан ва меҳанро ба забон меорад як ҳиссиёти хосае вуҷуди ӯро фаро мегирад ва як шӯълаи муҳаббате қалби ӯро равшан месозад, ки ин муҳаббат ба Ватан аст!
Ватан барои онҳое, ки дур аз Ватан ҳастанд низ азиз аст. Ҳар фард новобаста ба шароити иқтисодиаш берун аз ватан бошад боз ёди зодбумаш мекунад. Вале, афсус ҳастанд онҳое, ки дар ватан зинадгӣ карда, ба ватан меҳре надоранд ва ба ҳар гуна ҳодисаҳои номатлуб шомил гардида, ба Ватани худ хиёнат намуда истодаанд.
Ҳар кас ки ба сӯи Ватанаш санг занад,
Бар риштаи ҷони падараш чанг занад.
Модар Ватану Ватан бедилу бенанг занад.
Оне ки зи фарҳанги Ватан фахр накард,
Ӯро намаки ин ҳама фарҳанг занад.
Мо бояд ба наврасону ҷавонон фаҳмонем, ки бояд мутаҳҳид, якдил ва дастҷамъ бошем, ба иғвои хоинон дода нашавем, тамоми кӯшишро ба харҷ диҳем, то ин ки ватани худро аз дасисаҳои душманон эмин нигоҳ дорем. Ватани азизамонро дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ карда, рисолати таърихӣ ва эҳсоси масъулияти хешро дар баробари ниёгони гузашта, ҷомеаи имрӯза ва наслҳои оянда амиқ дарк намуданро фаҳмонем.
Мо таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон посбони сулҳу субботи кишвар мебошем.
Ҳамдиёрони азиз!
Ободию осудагии Ватан ва зиндагии арзандаи мардум ба меҳнати софдилона ва пурсамари ҳар яки мову шумо вобаста аст. Таърих гувоҳ аст, ки дар ҳар давру замон ҷавонон қувваи пешбаранда ва ояндасози ҷомеа буда, дар таҳкими давлатдорӣ, ҳифзи марзу бум, ваҳдату ягонагӣ ва осоиштагии мардум талош варзидаанд. Имрӯз низ чун ворисони арзандаи ин қувваи бузург, ба дастовардҳои даврони истиқлол ва сулҳу ваҳдати миллат арҷ мегузорем. Суханони Презденти кишвар Эмомалӣ Раҳмонро, ки гуфтаанд: «Ба қадри ин Ватани аҷдодию давлати соҳибистиқлол расида, аз гузаштагони сарбаланд ва падару модарони худ бояд дарси сабру тоқат, меҳнату ободкорӣ, ватандорию ватанхоҳию мардонагӣ омузем, Мову шумо бояд фаромӯш насозем, ки падарону бобоҳои мо мушкилиҳои зиёдро аз сар гузаронида, сарбаландона меҳнат намуданд, ба сардию гуруснагӣ тоқат карданд, вале манфиати Ватану миллати худро аз ҳама боло дониста, кору пайкори созандагиро пеш гирифтанд», амалан собит созем.
Ватани мо тавонист чи қадар ободу зебо бигардад. Ин ҳам маҳсули дасти кист? Маҳсули дасти халқи заҳматкаши Ватани азиз- Тоҷикистон ва сарвари ғамхору адолатпешаамон Эмомалӣ Раҳмон аст.
Ба хотири таҳкими давлату-давлатдорӣ, ҳифзи дастовардҳои даврони истиқлол, ваҳдати миллӣ, сулҳу суббот ва рушди минбаъдаи иҷтимоиву иқтисодии Ватани азизамон тамоми нерӯи ақлониву ҷисмонии худро равона созем. Бигзор неъмати бузург – Истиқлолият дар дилу дидаи ҳар як сокини Тоҷикистон меҳри Ватанро афзунтар намояд ва бар фарози сарзамини аҷдодонамон то абад зинда бошад!
Мудири шуъбаи умумии
кумитаи иҷроияи ҲХДТ
ноҳияи Спитамен Усмонова Г.