Рубрики
Uncategorized

Муҳофизати Ватан ифтихор аст

«Мардуми шарифи Тоҷикистон ҳимояи марзу буми кишварро бовар карда, ба шумо фарзандони далеру шуҷои худ супурдаанд ва дилпуранд, ки шумо аз уҳдаи иҷрои ин рисолат бо сарбаландӣ мебароед. Ман ҳамчун Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ ба ҳар яки шумо – фарзандони ғаюру далери Ватан ва азму иродаи ҷавонмардонаи шумо итминони комил дорам».

Эмомалӣ Раҳмон

17 феврали соли 2021 аз ҷониби хонандагони МТМУ №40 воқеъ дар Ҷамоати деҳоти Ғӯлакандоз бахшида ба 28 – солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ баргузор гардид. Ин чорабинӣ бо як шукӯҳи баланди ҳисси ватандӯстӣ доир гардида, аз ҷониби иштирокчиёни чорабинӣ қироати шеърҳо дар васфи Ватан, намоиши саҳначаҳои гуногуни сарбозгуселкунӣ, рақсу таронаҳои миллӣ ба роҳ монда шуданд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *