Рубрики
Uncategorized

Наврӯзи марзбонони Ватан

Тантанаҳои ҷашни Наврӯзи оламафрӯз ба кишвари азизамон фаро расида, ин ҷашни фархундаи миллиро ҳар як сокини мамлакат бо сарфарозӣ истиқбол мегирад. Бо ибтикори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Зафаробод дар комендатури сарҳадии Зафаробод ҷашни Наврӯз ташкил карда шуда, ба сарбозону марзбонони шуҷоъи Ватан дастурхони наврӯзӣ ороста шуд. Дар маросими тантанавии ҷашнӣ табрикоти раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд аз ҷониби намояндаи КИ ҲХДТ дар вилоят Зоҳидов Фаррух ба хизматчиёни ҳарбӣ расонида шуд. Ҳамчунин раиси кумиҷроияи ноҳиявии ҲХДТ Шарифзода Туйғун, раиси шурои собиқадорни ҷангу меҳнат Рустамов Заҳриддин , вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳия Абдураҳмонзода Малоҳат сарҳадбонони диловари марзи кишварро ба фарорасиии Наврӯзи ҷаҳонӣ шодбош намуданд. Барномаи омоданамудани ТИ “Бахши фарҳанги ноҳия” ба чорабинӣ ҳусни хоса бахшид. Аз чониби кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия ба китобхонаи комендатура китобҳои тозанашр тақдим карда шуд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *