Рубрики
Асосӣ

НАЗАРЕ БА ОИНА

Бо ташаббуси КИ ҲХДТ дар вилоятии Суғд дар ҳамкории бо идораи телевизион ва радиои вилояти Суғд барномаи “Назаре ба оина” дар ҳошияи ҳамоиши ТҶҶ “Созандагони Ватан” баргузор гардид. Дар барнома муовини Раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Замирахон Мансурова, мудири шуъбаи ҷавонони КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд, роҳбари ТҶҶ “Созандогони Ватан” дар вилояти Суғд Фирдавс Саидов, намояндагони ТҶҶ “Созандагони Ватан”дар шаҳр навоҳии вилоят, ҷавонони ба сафи ҲХДТ аъзо шуда, собиқадорони ҲХДТ ширкат варзиданд.

Бояд қайд намуд, ки Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан”, ҷалби ҷавонон ба сафи ҳизб, таъмини суботи ҷомеа, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии ҷавонон, муқовимат ва пешгирӣ аз интишори ақидаҳои ифротӣ ва харобкорона, ҷалби ҷавонон ба бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ, ба таҳсили илм фаро гирифтани наврасону ҷавонон ва даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ, ки воқеан хизмат ба Ватан қарзи ҳар шаҳрванд буда, далериву ҷасурӣ ва ҷавонмардии ҳар нафари бо нангу номусро талаб мекунад, ифода мекунад.

Муовини Раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Замирахон Мансурова фикру ақидаҳои хешро дар барномаи “Назаре ба оина” чунин баён намуд: Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастуру супоришҳои Шумо муҳтарам Раис ва ҳамчунин, дар заминаи Кофронси шашуми Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” оид ба тақвият бахшидани фаъолияти Ташкилоти мазкур дар шаҳру ноҳияҳои вилоят як қатор корҳоро амалӣ гардонид. Дар ҳамаи ҳамоишҳо раисони шаҳру ноҳияҳо бевосита иштирок намуда, ҳамзамон фаъолон, ғолибони озмунҳои фаннӣ, гирандагони стипендияи Президентӣ, вилоятӣ ва шаҳриву ноҳиявӣ, варзишгарони номӣ, кормандони ҷавони соҳаҳои бонк, саноат, иқтисод ва савдо, маориф, тандурустӣ, хизматчиёни давлатӣ, соҳибкорони ҷавон,

Сипас мудири шуъбаи ҷавонони КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд, роҳбари ТҶҶ “Созандогони Ватан” дар вилояти Суғд Фирдавс Саидов, сухан намуда қайд, ки дар ҳамаи ҳамоишҳо раисони шаҳру ноҳияҳо бевосита иштирок намуда, ҳамзамон фаъолон, ғолибони озмунҳои фаннӣ, гирандагони стипендияи Президентӣ, вилоятӣ ва шаҳриву ноҳиявӣ, варзишгарони номӣ, кормандони ҷавони соҳаҳои бонк, саноат, иқтисод ва савдо, маориф, тандурустӣ, хизматчиёни давлатӣ, соҳибкорони ҷавон, ҷавонони хизмати ҳарбиро сарбаландона адонамуда низ фаъолона ширкат доштанд. Дар маҷмӯъ дар чорабинии зикргардида 9 300 нафар ҷавонони аз синни 14 то 30 сола фаро гирифта шуданд.

Фирдавс Саидов дар фарҷоми барнома иброз дошт, ки минбаъд низ кӯшиш менамоем ҷиҳати тақвият бахшидани фаъолияти Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” дар вилояти Суғд ва дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Роҳбарияти олии ҳизб ҳамаи тадбирҳои зарурӣ амалӣ карда шаванд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *