Рубрики
Uncategorized

НАТИҶАГИРӢ АЗ ФАЪОЛИЯТИ КИ ҲХДТ ДАР НОҲИЯИ АЙНӢ

Дар толори калони маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ маҷлиси ҷамъбастии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳия барои фаъолияти соли 2020 ва вазифагузориҳо барои соли 2021 доир гардид, ки дар он Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар Муртазохон, муовини раиси ноҳия Гулсара Зокирзода, раиси КИ ҲХДТ дар ноҳия Рузибой Раҳимзода, раисони ташкилотҳои ибтидоӣ, вакилон, собиқадорон, занон ва ҷавонон, аъзоёни ТҶҶ “Созандагони Ватан”, роҳбарони корхонаю муассисаҳо ва фаъолони ҳизб ширкат варзиданд.

Дар маҷлис се масъала мавриди баррасӣ қарор дода шуда, нахуст, Раиси Кумиҷроия Р.Раҳимзода оид ба фаъолияти КИ дар соли 2020 маълумоти муфассал доданд. Дар ҷараёни маҷлис раиси ташкилоти ибтидоии “Сино” Бобозода Сироҷиддин, раиси ташкилоти ибтидоии “Анзоб” Олимзода Зарафшон, котиби ташкилоти ибтидоии “Рарз” Назарова Таҳмина ба музокира баромада, фаъолияти КИ ҲХДТ дар ноҳияи Айниро дар соли 2020 мусбат арзёбӣ намуданд.

Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар Муртазохон, муовини раиси ноҳия Гулсара Зокирзода ба сухан баромада, нуктаҳои асосии Паёми Пешвои муаззами миллатро соҳа ба соҳа шарҳу тавзеҳ дода, баҳри бештар ҷалб намудани шахсони арзандаю пешқадам ба сафи ҳизб, зиёд намудани ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, дуруст ба роҳ мондани корҳои тарғиботиву ташфиқотӣ ва дигар масъалаҳои мавридиназар маслиҳатҳои судманд доданд.

Дар интиҳои маҷлиси ҷамъбастии кумиҷроияи ноҳиявӣ якчанд фаъолони ҳизб бо Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравии Кумитаи иҷроияи вилоятӣ ва Кумитаи иҷроияи ноҳиявӣ қадрдонӣ карда шуда, ҷавононе, ки барои аъзо шудан ба сафи ҲХДТ дархост намуда буданд, шаҳодатномаи ҳизбӣ супорида шуд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *