Рубрики
Uncategorized

НАҚШИ КИТОБИ «ТОҶИКОН» – И БОБОҶОН ҒАФУРОВ ДАР ШИНОХТИ АСОЛАТИ МИЛЛӢ

 Бо мақсади дастгирии ҳамаҷонибаи иқдоми беназири Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти тақдими китоби «Тоҷикон» ба ҳар як оилаи мамлакат, ҳамчунин баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти неруи зеҳнӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, такмили захираи луғавӣ, тақвияти ҷаҳони маънавӣ миёни аҳолии кишвар, аз ҷумла хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ маҳфил – озмуни ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Нақши китоби «Тоҷикон» – и Бобоҷон Ғафуров дар шинохти асолати миллӣ» дар байни хонандагони синфҳои 10-11 муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳияи Зафаробод гузаронида шуд. Иштирокчиёни маҳфил – озмуни ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Нақши китоби «Тоҷикон» – и Бобоҷон Ғафуров дар шинохти асолати миллӣ» аз рӯи шарт ва талаботҳои муқарраргардида: – Баромад доир ба моҳияти таърихӣ ва ватандустии китоби “Тоҷикон”; – Маҳарату истеъдоди иштирокчиён аз рӯйи нақли осор; – Саволҳо ба иштирокчиён аз китоби “Тоҷикон” байни ҳам қувваозмоӣ намуданд. Тибқи натиҷаҳои пешниҳоднамудаи аъзоёни ҳакамон Мирмаҳмадзода Ширин хонандаи МТМУ 12, Саидов Файзиддин хонандаи Литсейи шаҳраки Меҳнатобод, Рӯзибоев Комрон хонандаи МТМУ 7 ва Мардонзода Маҳмадсаид хонандаи МТМУ 16 сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд. Дар охир ба ғолибон ва иштирокчиёни фаъоли маҳфил- озмун Диплом, Сипоснома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ аз ҷониби КИ ҲХДТ дар ноҳияи Зафаробод супорида шуд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *