Рубрики
Uncategorized

“Нақши Мирзо Турсунзода дар рушди адабиёт ва фарҳанг”

Чорабинии илмӣ- адабӣ таҳти чунин унвон ба ифтихори 110-солагии вассофи сулҳу дӯстӣ, Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода бо иштироки муҳассилини литсейи рақами 1-и шаҳри Конибодом баргузор гардид. Мақсади асосии чорабинӣ бобати тарбияи хонандагон дар рӯҳияи худогоҳиву ватандӯстӣ ва эҳтироми арзишҳои миллӣ равона гардида, хонандагон тавонистанд,ки нақш ва ҷойгоҳи Мирзо Турсунзодаро дар пешрафти адабиёт ва фарҳанги тоҷик муаррифӣ намоянд. Дар фарҷоми маҳфили мазкур муовини Раиси кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Конибодом Фирӯза Шерматова ба сухан баромада, андешаҳояшро перомуни мавзӯи мазкур баён дошта, гузаронидани ҳарчӣ бештари чунин чорабиниҳоро саривақтӣ арзёбӣ намуд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *