Рубрики
Uncategorized

“НАҚШИ ҶАВОНОН ДАР ТАРҒИБИ ДАСТОВАРДҲОИ ДАВЛАТӢ”

         Ҷиҳати татбиқи  нақша-чорабиниҳои бахши кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ашт  санаи 19-уми майи соли равон ба муносибати Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон бо хонандагони синфҳои болоии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №17 мулоқот дар мавзӯи “Нақши ҷавонон дар тарғиби дастовардҳои давлатӣ” доир гардид.  Мудири бахши кор бо ҷавонони КИ ҲХДТ дар ноҳия Мусоев Д  дар бораи дастоварду пешравиҳои ҷавонони тоҷик дар даврони истиқлолият, саҳми назарраси онҳо дар тамоми соҳаҳо, иштироки фаъолонаи онҳо дар чорабиниҳои давлативу сиёсӣ, ғамхориҳои ҳамаҷонибаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар самти сиёсати ҷавонон ва пешгирии амалҳои номатлуб байни ҷавонон андешаҳои хешро иброз дошта, тамоми ҷавононро ба муносибати Рӯзи ҷавонон аз номи КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ашт таҳният кард.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *