Рубрики
Асосӣ

НОМАИ муборакбодии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд бахшида ба Иди касбии омӯзгорон

                            Устодону омӯзгорони арҷманд!

Дар кишвари мо ҳамасола рӯзи якшанбеи аввали моҳи октябр Иди касбии омӯзгорон бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил карда мешавад. Гиромидошт аз заҳмату меҳнати софдилонаи омӯзгор ҳамчун афрӯзандаи шуълаи илму дониш ва маърифату маънавиёт гувоҳи равшани таваҷҷуҳи доимӣ ва хоссаи Ҳукумати мамлакат ба соҳаи илму маориф мебошад.

Дар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон махсус таъкид доштанд: « Ояндаи мамлакат аз фаъолияти омӯзгор ва рушди илму маориф вобастагии зиёд дорад. Дар хотир бояд дошт, ки танҳо миллати босавод метавонад насли соҳибмаърифату донишманд ва кадрҳои арзандаи давронро ба воя расонад, пеш равад ва дар ҷомеаи мутамаддин мақоми арзандаи худро пайдо намояд».

Маврид ба зикр аст, кидавраи соҳибистиқлолии Ватанамон барои муассисаҳои ҳамаи зинаҳои таҳсилот марҳилаи сифатан нав гардид. Бунёди беш аз 2000 мактабу муассисаҳои томактабӣ, роҳандозӣ гардидани Барномаҳои мушаххас дар самти баланд бардоштани сатҳ ва сифати таълим бозгӯи гуфтаҳои болоӣ мебошанд.

Хеле хушоянд аст, ки дар вилояти Суғд низ ба заҳмату меҳнати суботкоронаи омӯзгор мунтазам ғамхорӣ зоҳир мегардад. Ҳамасола ҷудо намудани қитаъаҳои замини наздиҳавлигӣ, ҳавасмандсозии омӯзгорони пешраву навовар, таъсиси ҷоизаҳои Раиси вилоят барои “Беҳтарин муассисаи таълимӣ”, “Беҳтарин муассисаҳои таълимии томактабӣ”, “Омӯзгори беҳтарини сол”, “Мутахассиси ҷавони беҳтарини сол”, ҳавасмандии омӯзгороне, ки шогирдонаш дар озмуну олимпиадаҳои сатҳи байналмилалӣ ҷойҳои ифтихориро соҳиб мегарданд, роҳхати ройгон барои омӯзгорон ба осоишгоҳҳо аз дастгириҳои давлат ва Ҳукумати кишвар далолат медиҳад.  

Таҳким бахшидани иқтидори илмии кишвар, неруи зеҳнии қишрҳои фаъоли ҷомеа, ҷорӣ кардани ихтироот дар истеҳсолот, устувор гардонидани пояҳои моддиву техникии муассисаҳои таълимӣ, баланд бардоштани сифати таълим дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот, ҷалби боз ҳам васеи истеъдодҳои ҷавон ба омӯзиши технологияҳои муосир ва корҳои эҷодиву техникӣ аз вазифаҳои асосии ҲХДТ маҳсуб мешавад.

Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд дар фаъолияти ҳаррӯзаи худ дастгирии кормандони соҳаи маорифро эҳсос мекунад. Зеро дар сафи ҳизбиёни вилоят шумораи кормандони соҳаи маориф хеле зиёданд.

 Хоссатан дар маъракаҳои муҳими сиёсӣ масъулият ва салоҳияти Шумо – омӯзгорон зиёдтар эҳсос мегардад. Шумоён дар баробари тарбияи камолоти маънавии насли худогоҳи миллат, ҳамзамон дар баланд бардоштани эҳсоси худшиносӣ ва дӯстдории Ватан дар ҷомеа хидмати шоиста анҷом медиҳед.

Бо камоли эҳтиром дар ин рӯзи фарахбахш ҳамаи Шуморо аз самими дил табрику муборакбод намуда, бароятон саломатии бардавом, рӯзгори пурнишот ва дар фаъолияти пуршарафатон  муваффақиятҳои беназир хоҳонем.

Ҷашни касбиатон муборак, омӯзгорони азизу гиромӣ!

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *