Рубрики
Асосӣ

НОМАИ МУБОРАКБОДИИ КУМИТАИ ИҶРОИЯИ ҲХДТ ДАР ВИЛОЯТИ СУҒД БА МУНОСИБАТИ 31- УМИН СОЛГАРДИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  Ҳамсафони гиромӣ!

Дар сарнавишти ҳар ҳалқу миллат санаҳои тақдирсоз ва гардишҳое рух медиҳанд, ки омили асосии сарҷамъӣ ва бақои миллат мегардад.  Ин рӯйдодҳо дар роҳи навсозиҳои сиёсиву иҷтимоӣ ва иқтисодиву фарҳангӣ, инчунин худшиносиву худогоҳӣ ва рушду камоли миллат аҳамияти фавқулодда касб намудаанд.

Миллати фарҳангсоз ва тамаддунофари тоҷик дар фароварди садаи 20 соҳиби дастоварди ниҳоят арзишманд бо номи Истиқлол гардид, ки асоси ҷовидонаи ин миллатро дар арсаи таърих таъмин намуд.

Бешубҳа дар саргаҳи саодати миллат ва зиндагии шоистаи мардум номи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон меистанд, ки дар такя ба нерӯи бузурги хиради волои халқ тавонистанд миллатро сарҷамъ созанд.

Имрӯз бо гузашти 31 сол аз соҳибистиқлолии мамлакат мардуми соҳибназари кишвар иқрор мешаванд, ки муҳаббату самимияти роҳбари давлат нисбат ба халқу миллати худ беандоза аст. Зеро тӯли ин солҳо мамлакати аз лиҳози маънавию иқтисодӣ харобгаштаи мо ба кишвари ободу озод ва рӯ ба рушд ниҳода табдил ёфта истодааст. Марҳила ба марҳила татбиқ шудани чор ҳадафи стратегии мамлакат, рушди соҳаҳои хоҷагии халқ, баланд гардидани обрӯ ва мақоми кишварамон дар арсаи байналмилалӣ ва дар ин замина мизбони чандин ҳамоишҳои сатҳи ҷаҳонӣ гардидани мамлакати мо далолат аз ваҳдату ҳамгироӣ мебошад.

Сокинони ваҳдатшиори вилоят таҳти роҳбарии Раиси вилояти Суғд, муовини аввали Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода бо меҳнати софдилона, амалҳои шоиста ва кору пайкори созанда чун ҳамешагӣ садоқати хешро ба Роҳбари олии мамлакат нишон дода, дар соли таърихии миллат ба нишондиҳандаҳои азими меҳнатӣ дастёб шуданд, ки аз самараи тинҷиву оромӣ ва ғамхориҳои Пешвои муаззами миллат сарчашма мегирад.

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон суботи сиёсӣ ва дастовардҳои замони соҳибистиқлолиро асоси иродаи озоди мардум дониста, барои пешрафти Ҷумҳурии Тоҷикистон ғояи истиқлол ва озодиро таҳким бахшида, барои пойдории сулҳу ваҳдати миллӣ, рушду нумӯи иқтисодиёт, илму фарҳанг ва дар маҷмӯъ, давлатдории миллӣ саъю талош менамояд.

Сиву як соли Истиқлол барои мо як мактаби бузурги ҳаёт ва сабақи нотакрори давлату давлатдорӣ, марҳилаи ибратомӯзи расидан ба сулҳу ваҳдати миллӣ, як қадами ҷиддии рӯ овардан ба нақшаҳои азими созандагӣ ва бунёдкориҳое гардид, ки ҳадафҳои бузурги он бо тақдири наслҳои оянда вобастаанд.

Таманнои онро дорем, ки ин неъмати бебаҳои таърихӣ роҳи моро ба сӯи саодатҳо дурахшону мунаввар гардонад.

Ҷашни фархундаи 31-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистонро ба кулли ҳизбиён ва ҷонибдорон табрику таҳният гуфта, ба ҳамаи шумо саломатӣ, рӯзгори обод, сулҳу амонӣ ва сари баланд орзу менамоем.

Ҷашн муборак!

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *