Рубрики
Uncategorized

НОМАИ МУБОРАКБОДИИ Раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар Муртазохон бахшида ба Рӯзи Модар

Модарону хоҳарон ва бонувони гиромӣ!

Дар ин рӯзҳои нахустини баҳорӣ, яъне оғози эҳёи табиат ҳамаи Шуморо аз номи Раёсати КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд ба ифтихори Рӯзи Модар табрик мегӯям.

Боиси ифтихор ва сарфарозии кулли занону бонуфони кишвар аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашни занону бонувонро Рӯзи Модар унвон кардаанд, то этироми амиқу арҷгузории хосаи худро ҳар як фарзанди бонангу номуси миллат ба бузургиву зебоӣ ва олиҳимматии модарони поксиришту офарандагони ҳаёти инсонӣ собит намоянд.

Ба гуфтаи Пешвои миллат “аслу ҷавҳари Рӯзи Модарро муҳаббату самимият, покиву садоқат ва ҳурмату эҳтироми беандоза нисбат ба Зан – Модар ташкил медиҳад ”.

Дар сатҳи давлатӣ таҷлил гардидани ҷашни модарону бонувони соҳибэҳтиром нишони сари тазим фуруд овардан олиҳаёст, ки тамоми ҳастии худро барои офариниши ҳаёти башар ва рушду камоли инсонӣ сарф менамояд.

Маҳз бо муҳаббати беинтиҳои модарон ҳар сол ин ҷашн бо шукӯҳи шаҳомати хоса таҷлил гардида, фарзандонро водор месозад, ки ба қадру манзалат ва бузургиву фурӯтании модарону бонувон арҷгузорӣ намоянд. Онҳоро ҳамчун мавҷуди муқаддасу азиз эҳтиёт кунанд ва ҳамеша дӯстдору дилбардорашон бошанд.

Шоистаи тазаккур аст, ки бо тадбирҳои судманди Президенти Ҷуқмҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар давоми соҳибистиқлолӣ мақому манзалати зан дар кишвар батадриҷ боло рафт. Натиҷаҳои ғамхориҳои пайваста аст, ки фаъолнокии занону духтарон дар ҳаёти сиёсии кишвар бештар гардида, имрӯз онҳо дар ин раванд нақши устуворро соҳибанд. Дар иртибот ба тавваҷҷӯҳу ғамхориҳои давлат ва Ҳукумати кишвар Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон низ ба нақш ва ҷойгоҳи зан дар ҷомеа аҳмияти хоса медиҳад. Такмил додани замимаҳои қонунгузории ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои оила ҳамчун ниҳоди иҷтимоӣ ва асоси тарбияи фарзанд, тавсеа бахшидани маърифати оиладорӣ ва таъмин намудани устувории оилаҳои ҷавон, тавсеа бахшидан ба раванди иштироки занон  дар рушди иқтисоди кишвар аз ҳадафҳои Барномавии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон маҳсуб мешавад.

Бо истифода аз фурсат ҳамаи Шумо, модарону бонувони азизу меҳрубон ва хоҳарони арҷмандро ба ифтихори Рӯзи Модар сидқан табрик гуфта,  ба хонадони  ҳар яки Шумо нуру сафо, ваҳдату оромӣ, муҳаббату садоқат, хушбахтиву иқболи нек ва файзу баракат орзу менамоям.

Ид муборак, модарони гиромӣ!

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *