Рубрики
Асосӣ

НОМАИ муборакбодии Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар Муртазохон бахшида ба Рӯзи варзишгарон

    Ҳамасола санаи 10 август дар саросари кишвар ҷашни бардамию тансиҳатӣ, ҷавонию зебоӣ –  Рӯзи варзишгарон бо тантана таҷлил карда мешавад. Агар ба таърихи гузаштаи дуру наздики халқамон назар афканем, аён мегардад, ки варзиш яке аз шуғлҳои писандидаи ниёконамон буд ва аҷдодони мо кӯшиш мекарданд, ки ба василаи машқу тамрин насли солим, пурқувват, чобуку ҷасур ба камол расонанд.

         Бо шарофати сиёсати ояндабинонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳз дар даврони Истиқлоли давлатӣ ба хотири таъмини оммавияти варзиш, таҳкими тарзи ҳаёти солим, мусоидат ба омодакунии варзишгарони касбии тоҷик заминаи мусоиду беамсол фароҳам омад. Истиқлолияти кишвар барои рушди соҳаи варзиш шароит фароҳам сохт, ки ҷавонону варзишгарони кишвар бо иштирок дар мусобиқаҳои ҷаҳонию байналмилалӣ миллату давлатамонро байни дигар халқиятҳои ҷаҳон бештар муаррифӣ намоянд. Мавриди истифода қарор гирифтани беш аз 10 ҳазору 220 адад иншоотҳои варзишӣ, таъсиси Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи варзиш, роҳандозӣ гардидани даҳҳо барномаҳо бозгӯи онро дорад, ки варзиш дар кишвари мо рӯ ба рушд дорад.  

Имрӯз варзишгарони ҷавони мо анъанаҳои некӣ падарону бобоёни шӯҳратманди хешро идома медиҳанд. Онҳо дар мусобиқаҳои бонуфузи байналмилалӣ қувваозмоӣ карда, шӯҳрати варзиши кишварамонро ба ҷаҳониён муаррифӣ менамоянд.

      Рушди варзиш яке аз самтҳои асосии фаъолияти ҲХДТ ба ҳисоб меравад. Бо дарназардошти он, ки дар шароити кунунӣ варзиш ҳамчун василаи шоистаи муаррифгари миллату кишвар дар олам маҳсуб мегардад, ба рушди он таваҷҷӯҳи махсус зоҳир карда мешавад. ҲХДТ ҳамкориро бо мақомоти ваколатдори соҳа ва федератсияву ҷамъиятҳои варзишӣ тавсеа бахшида, барои ташаккули варзиши касбӣ ва камолоти варзишгарон дар ҳама намудҳои он мусоидат менамояд.  Бахусус ба тарғибу оммавигардонии он дар байни наврасону ҷавонон эътибори махсус зоҳир намуда, баҳри баланд бардоштани  маҳорату истеъдоди варзишгарон пайваста тадбирҳо меандешад. Ба туфайли чунин дастгирӣ аз ҷониби аъзоёни ҳизб иншооту толор, майдону варзишгоҳҳо таъмиру тармим карда шуда, бо лавозимотҳои зарурии варзишӣ муҷаҳҳаз гардонида мешаванд ва ба ҷойи дӯстдоштаи шаҳрвандон табдил ёфтаанд. Бо иқдоми Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар доираи Барномаи “Рушди футбол дар деҳаҳо барои солҳои 2021 – 2024” дар ҳамкорӣ бо Федератсияи футболи кишвар  ва Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш дар сатҳи баланд баргузор шудани мусобиқаи футболи хурд байни бозингарони ғайрикасбӣ барои ба даст овардани Ҷоми ҲХДТ  натиҷаи амалишавии бандҳои барномавии ҳизб маҳсуб мешавад. 

         Ҳизбиёни вилоят аз заҳмату талошҳо ва бурдбориҳои варзишгарон ифтихор доранд ва ҳар як фарди Тоҷикистон пирӯзӣ, шуҷоат, корнамоӣ ва ғалабаҳои ба даст овардаи Шумо, варзишгаронро бо ифтихору дилгармӣ ва ғамхории бузург интизоранд.

         Дар ин рӯзи фараҳ тамоми кормандони соҳаи варзиш, собиқадорон, кулли мураббиёну варзишгарон ва дӯстдорони тарбияи ҷисмонӣ ва варзишро бо Рӯзи варзишгарон табрик намуда, тансиҳативу хонаободӣ, пирӯзиву сарбаландиҳо таманно дорам. Бигзор, дурахшонтарин ғалаба ва баландтарин зинаи ифтихор насиби ҳар як варзишгар гардад.

         Рӯзи варзишгарон муборак!

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *