Рубрики
Uncategorized

НОМАИ муборакбодии Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар Муртазохон ба муносибати 30 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳамдиёрони азиз.Ҳамсафони гиромӣ!Дар сарнавишти ҳар як миллату халқият саҳифаи дурахшон расидан ба Истиқлолу озоди комили давлатӣ ба ҳисоб меравад. Ҳамингуна санаи хотирмону фаромӯшнашаванда дар таърихи миллати тоҷик 9 – сентябри соли 1991 мебошад. Ҳоло аҳли ҷомеа дар арафаи таҷлили солгарди 30 – юми он қарор доранд. Сӣ сол муқаддам мардуми мо ба истиқлоли давлатӣ ноил гардиданд ва ба эъмори давлати миллии худ шурӯъ карданд. Оғози истиқлол ва қадамҳои нахустин дар роҳи бунёди давлати соҳибихтиёри тоҷикон ба давраи бисёр ҳассоси таърихи халқамон рост омад.Новобаста аз мушкилиҳои ҷанги таҳмилӣ мардуми шарафманди кишвар таҳти роҳбарии хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳама мушкилиҳоро бартараф намуда, ба ваҳдати комили миллӣ расиданд.Мусаллам аст, ки истиқлол барои мардуми шарафманди тоҷик имконият фароҳам овард, ки ихтиёри давлатдориро ба дасти худ гирифта, ба сӯйи зиндагии осуда, эъмори давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявӣ роҳи васеъ кушоянд.Дар партави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳибистиқлолӣ ба мардуми шарифу заҳматқарини Тоҷикистон рӯҳи нав бахшида, сатҳи худшиносӣ, эҳсоси ватандорӣ ва ифтихори миллии хурду бузурги кишварро ба зинаи нав бардошт.Тавре ки Сарвари давлат таъкид намудаанд: “Тайи даврони соҳибистиқлолӣ миллати куҳанбунёди мо бо таҷрибаву собиқаи давлату давлатдорӣ марҳалаи тақдирсози расидан ба сулҳу ваҳдати миллиро паси сар кард ва дар шоҳроҳи амалӣ намудани нақшаҳои азими созандагӣ, ки ҳадафашон бо тақдири наслҳои имрӯзаву оянда пайванди мустақим дорад, қадамҳои устувор гузошт”. Аҳли ҷомеа худ шоҳиданд, ки ба шарофати истиқлолу озодӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ барои амалӣ намудани ҳадафҳои стратегии миллиамон ҳамаи заминаҳои зарурӣ фароҳам омад. Дар як давраи начандон тӯлонии таърих татбиқ гардидани даҳҳо лоиҳаи ҳаётан муҳими саноативу энергетикӣ ва иҷтимоӣ, бунёди ҳазорҳо километр роҳҳои замонавӣ ва нақбу пулҳо, ки имрӯз ҳамаи онҳо ба манфиати мардуми шарифи Тоҷикистон хизмат карда истодаанд, далели ин гуфтаҳо мебошанд. Боиси қайд аст, ки дар сарҷамъу муттаҳид сохтани аҳли ҷомеа, ба раванди бунёдкорию созандагӣ раҳнамун сохтани ҳамватанон ва ташвиқу тарғиби дастовардҳои Истиқлол Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон нақши муҳиму созанда дорад.Мушоҳидаи рушду нумӯи бесобиқа ва саъю талоши ҳамватанон имкон медиҳад, бо итминон изҳор дорем, ки мардуми шарифи Тоҷикистон ба хотири таҳкими пояҳои давлатдории навини худ, сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ беш аз пеш кӯшиш намуда, ба сӯйи дастовардҳои бештар қадамҳои устувор мегузоранд ва нуфузу эътибори мамлакатро дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам устувор мегардонанд. Бо чунин нияту орзуҳои нек хурду бузурги кишвар, аз ҷумла аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ –ро ба ифтихори 30 -солагии истиқлол самимона табрик гуфта, ба ҳар фарди Тоҷикистони азиз тандурустӣ, ободии хонадон ва ба Ватани маҳбубамон сулҳу осоиши пойдор ва пешрафту тараққиёти рӯзафзун орзу менамоям. Ҷашни Истиқлол муборак!

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *