Ҳамсафони гиромӣ!
Фарорасии яке аз ҷашнҳои зебо, ки ба дилҳо фараҳу шодӣ, ба ҳар хонадон файзу нусратҳои нав ба нав меорад, Наврӯзи оламафрӯз бароятон муборакбод мегӯям.
Наврӯз дар фарҳанги миллати мо оғози соли нав, мавсими бедории табиат ва киштукори марди деҳқон аст. Маҳз дар ҳамин шабу рӯз баракоти деҳқон равшан намудор мешавад. Табиат қабои сабз ба бар карда, оламиёнро аз рӯзи нав, рӯзи саодат ва рӯзи пирӯзӣ ба торикӣ мужда медиҳад.
Шукуҳу ҷалоли Наврӯзи мунаввар дар кишвари мо ба шарофати соҳибистиқлолӣ ва дарки худшиносии миллӣ дигарбора бо ҳама самимият ва расму русуми ҳазорсолаи пешин падид омадааст.
Ҷаҳонишавии Наврӯз, ки бо саҳми беназири роҳбари фарҳангоийин, заковатпешаву миллатдӯст – Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ рӯи кор омадааст, бори дигар фарҳанги тоҷиконро дар партави ваҳдати умумибашарии оини ҷаҳонии миллат ба саросари сайёра нашр сохт, то аз файзу баракоти он ҷомеаи башарӣ баҳраманд гарданд.
Оини Наврӯзӣ тақозо дорад, ки ҳар як шаҳрванд бо дилу нияти пок ба идгоҳи наврӯзӣ равад, кинаву кудуратро аз дил раҳо созад, ба бечораву дармондагон, ятимону беморон ва шахсони яккаву танҳо дасти ёрӣ дароз намояд.
Таъмини рушди фазои ягонаи фарҳангии мамлакат дар заминаи ҳифз, эҳё ва густариши анъанаю суннатҳои миллӣ, дастовардҳои фарҳанги миллии замони истиқлол ва арзишҳои умумибашарӣ, нигоҳ доштани гуногунии фарҳангию забонӣ аз ҳадафҳои асосии Барномаи ҲХДТ маҳсуб ёфта аъзо ва пайравони ҳизб дар заминаи ин нишондод фаъолияти бомаром доранд. Дар ин рӯзҳои накӯфол рисолати мо бо мардум будан аст ва бо дарки ин маънӣ корҳои чашмрас анҷом дода шуда истодааст.
Мо Наврӯзи имсоларо дар айёме ҷашн мегирем, ки дар саросари мамлакат кору пайкори созандагӣ идома ёфта, нерӯи иқтисодии давлат ва фарҳанги сиёсии миллат таҳким меёбад. Ҳоло мардуми тоҷик дарк намудааст, ки истиқлоли воқеиро танҳо бо заҳмати софдилонаву созанда, тафаккури пешрафтаю технологияи муосир, эҳсоси гарми ватандӯстию масъулияти баланди шаҳрвандӣ метавон пуштибонӣ кард. Ин рисолати таърихӣ ва қарзи муқаддаси шаҳрвандӣ дар шароити хеле ҳассос ва авзои мураккаби сиёсии ҷаҳони имрӯза бар дӯши мову шумо вазифаҳои басо душвор, пурмасъулият ва такдирсозро мегузорад.
Бори дигар ҷашни зебои табиат Наврӯзи некпайро ба ҳамсафону ҷонибдорони ҳизб табрику муборакбод гуфта, барору омадҳои нав ба навро дар рӯзгорашон таманно дорам!