Мӯҳтарам кормандони васоити ахбори омма.
Қаламкашони гиромӣ!
Тарғибу ташвиқи ҳадафҳои миллӣ, дастовардҳои истиқлоли давлатӣ, озодӣ, давлатдории миллӣ ва рушди минбаъдаи Тоҷикистон васеъ ҷалб намудани воситаҳои ахбори омма, рушди маънавиёти ҷомеа, инкишофи фарҳанг, иттилоот, баланд бардоштани завқи зебоипарастии шаҳрвандон аз ҳадафҳои меҳварии Барномаи пешазинтихоботии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон маҳсуб меёбанд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар маросими 100-солагии матбуоти тоҷик қайд карданд, ки матбуот ва воситаҳои ахбори омма ба ташаккули афкори ҷомеа таъсири муқтадир ва муассир мерасонанд. Онҳо, хусусан, дар замони таҳаввулот ва тағйирёбии самтҳои рушди ҷомеа, бадалшавии идеологияҳо ва ташаккули диди нави иҷтимоӣ аҳамияти хоса пайдо мекунанд.
Воқеан ҳам дар замони соҳибистиқлолӣ бо ташаббус ва иқдоми бевоситаи Сарвари давлат барои пешрафт ва фаъолияти озодонаи воситаҳои ахбори омма тамоми заминаҳои ҳуқуқӣ фароҳам оварда шудаанд ва пайваста такмил дода мешаванд. Ҳоло фаъолияти воситаҳои ахбори омма тавассути Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма», «Дар бораи телевизион ва радиошунавонӣ», «Дар бораи табъу нашр», «Дар бораи иттилоотонӣ», «Дар бораи ҳуқуқи дастрасӣ ба иттилоот», «Дар бораи ҳифзи иттилоот», «Дар бораи реклама» ва дигар санадҳои меъёри ҳуқуқӣ танзим карда мешавад. Ҳадафи аслӣ аз ташкили нишастҳои матбуотие, ки тибқи Амри Президент дар вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ соле ду маротиба ва дар сурати ба миён омадани масъалаҳои қобили баррасии фаврӣ ба таври пайваста баргузор мегарданд, таъмини дастрасии бештари воситаҳои ахбори омма ва шаҳрвандони кишвар ба иттилооти расмӣ мебошад. Ин тадбир як падидаи нодирест, ки на дар ҳамаи кишварҳои олам ба қайд гирифта шудааст.
Дар сатҳи вилояти Суғд низ таҳти роҳбарии Раисми вилояти Суғд, Муовини аввали Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода ҳамкорӣ бо намояндагони Васоити ахбори омма васеъ ба роҳ монда шуда, дар таъмини шаффофият ва гирифтани иттилоъи воқеӣ ягон мушкилӣ нест.
Матбуот дар ҳар давру замон инъикоскунандаи вазъи воқеии ҷамъият маҳсуб ёфта, ҳамзамон минбари озоди баёни фикру матлаб аст. Махсусан, дар шароити ҷаҳонишавӣ саҳми матбуот ҳамчун воситаи иттилоърасонӣ барои мардум нақши калон дорад. Тавре аз таърих бармеояд, нақши нашрияҳо дар муттаҳидсозии афкору андеша мавқеи хоса бозида, тавасассути ин минбар даҳҳо нобиғагон идея ва нақшаҳои худро амалӣ намудаанд.
Хушбахтона, бо шарофати Истиқлолият дар ҷумҳуриамон сафи нашрияҳо ва дигар воситаҳои ахбори оммаи хусусиву соҳавӣ рўз то рўз меафзоянд. Имрўз қариб соҳае нест, ки нашрияи худро надошта бошад, ё ки шаҳру ноҳияе нест, ки телевизион ва радиои худро надошта бошад. Хосатан, дар кишвари мо, ки мардум бештар ба маънавиёт рў меоранд, васоити ахбори омма ҷойгоҳи махсус доранд. Ҳар кадоме аз онҳо бо сабку услуб, мавзўъ ва мундариҷаи худ дар рушду нумўъ ва пешрафти матбуот нақши муайян мебозанд.
Матбуоти имрӯзаи тоҷик аз лиҳози банду баст, мазмуну мундариҷа ва мӯҳтавояш хеле ҷолиб аст ва дар баъзе мавридҳо ҳама хабарҳо сари вақт ба мардум расонида мешаванд.
Боиси ифтихори кулли ҳизбиёни вилоят аст, ки нашрияҳои маҳбуби Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон – «Минбари халқ» ва «Сухани халқ» дар рӯзгори сокинон мақоми хоса доранд. Зеро дар саҳифаҳои нашрияҳо умдатарин масоили рӯз ба табъ расида, муштариён аз матолиби хонданиву таҳлилии рӯзноманигорон, баҳои коршиносон ба ин ё он ҳаводиси рӯз огоҳии комил меёбанд.
Итминони комил дорам, ки рӯзноманигорон минбаъд низ ба иҷрои рисолати худ содиқ монда, дар инъикоси воқеии ҳаводиси ҷомеа, дастовардҳои навини истиқлоли миллӣ саҳми арзанда мегузоранд.
Ба кулли кормандони васоити ахбори омма, пеш аз ҳама, тансиҳатӣ, хотири ҷамъ, илҳомии саршор аз меҳр ва бурдбориҳоро таманно дорам.
Рӯзи матбуоти тоҷик, муборак!