Рубрики
Uncategorized

НОМАИ табрикотии Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Исмоилзода Зуфар Муртазохон ба ифтихори ҷашни байналмилалии Наврӯз

Ҳамдиёрони азиз,

Ҳамсафони гиромӣ!

Фарорасии ҷашни байналмилалии Наврӯзи Аҷамро, ки беш аз шашҳазор сол инҷониб чун рӯзи офариниши олам, эҳёи табиат, иди баҳору меҳнат ва дӯстию рафоқат, ҳамчунин сари соли нави шарқию оғози мавсими кишту кор ҷашн гирифта мешавад, аз номи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд табрику муборакбод мегӯям.

Наврӯзи сабздомани имсола  дар чунин айёме меҳмони азизи мост, ки мардуми сарбаланди кишвар ҷиҳати истиқболи сазовори ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон азму талоши зиёд доранд.

Кишвари азизи мо – Тоҷикистон сарзамини хуршедӣ ва як гӯшаи биҳишти рӯи замин аст, ки бо қадами мубораки Наврӯз ба гулистон табдил ёфта, бо ҷомаи сабзи худ ба мо зиндагии хуш ва нуру сафоро ҳадя меорад.

Дар сиёсати фарҳангии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Наврӯз ҳамчун рукни муҳими худшиносии миллӣ, василаи муҳими пайванди наслҳо, робитаи гузаштаю имрӯз, эҳёи анъанаҳои зебоипарастӣ, инсондӯстӣ, рамзи дӯст доштан ва расидан ба қадри зиндагии хушу хуррамона аст. Бузургӣ ва умри тӯлонию бегазанди Наврӯзро Сарвари давлатамон бо муҳаббат ва эҳтироми зиёд таъкид кардаанд: «Ҷашни Наврӯз, ки зодаи хирад, андеша, ҷаҳонбинӣ ва тафаккури гузаштагони бузурги мо мебошад, дар замири худ ҷавҳари некӣ, накӯкорӣ, бахшишу меҳрубонӣ, покизагии руҳонӣ ва ҷисмонӣ, созандагию бунёдкориро дорад».

Воқеан, дар замони Истиқлолияти кишвар таҷлили ҷашни Наврӯз рангу бӯи тоза гирифт. Он шукӯҳу шаҳомати давраҳои пурбортарин ва саршортарин густариши давлатдориву тамаддуни тоҷиконро бо накҳати тоза, бо ҷилваи тоҷикона аз нав барқарор намуд.

Шоистаи зикр аст, ки бо ибтикорот ва саъю талоши Пешвои муаззами миллат Наврӯз чун ҷашни байналмилалӣ эътироф гардида, ба равнақу ривоҷи дӯстию бародарии байни миллатҳо, эҳтироми ҳамдигар, таҳкими сулҳу созгории халқҳо нақши арзанда мебозад.

Ба ҳайси ҷашни ҷаҳонӣ пазируфта шудани Наврӯз гувоҳи он аст, ки ҳанӯз дар замони қадимтарин ниёгони мо бо холисии ният ва ормони олӣ ҷашнеро падид оварда буданд, ки паёми ваҳдату муҳаббат, покию садоқат, зебоию нафосат ва бедорию заҳмат будааст.

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳифз кардани мероси фарҳанги миллӣ, васеъ тарғибу ташвиқ  намудани дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии мамлакатро Барномаи амали худ дониста, дар баланд бардоштани ҳисси ифтихори миллӣ ва ба ҷаҳониён муаррифӣ намудани мероси моддиву маънавии халқи тоҷик пайваста саъю талош меварзад.

Маврид ба зикр аст, ки Наврӯзи оламафрӯз бо қадамҳои нек ва бахосияти худ боварӣ ва эътимодро ба ояндаи дурахшони ҷомеа қавитар мегардонад, ба қалбу рӯзгори мардум суруру ангезаи муҳаббат мебахшад.         Ниёгони сарбаланди мо Наврӯзро бо шодиву хуррамӣ ва тантанаи бузург истиқбол намуда, беҳтарин орзую умед ва таманниёти хешро ба он вобаста мекарданд, баҳри ояндаи дурахшон ва созандагиву бунёдкорӣ нақшаҳо тарҳрезӣ менамуданд. Аз ҷумла сокинони ваҳдатшиори вилоят бо ҳидоятҳои Сарвари давлат ва хизматҳои назарраси Раиси вилоят муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода ҷиҳати сазовор истиқбол гирифтани 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо меҳнати садоқатмандона кору пайкор доранд.

Дар чунин фасли накӯву зебо таманнои онро дорам, ки баҳори сабзу тар ва меҳрпарвар ба корҳои Шумо авҷу барор ва ба хонадонатон сарсабзиву сарбаландиҳо оварад, дастархонатон пур аз нозу неъмат бошад ва ҳамеша мисли баҳори нозанин хурраму сарсабз бошед!

Таманнои онро дорам, ки ин ҷашни зебои ниёгон барои ҳар як узви ҷомеа сиҳатию саломатӣ, рӯзгори тинҷу осуда, иқболи нек, бахту саодат, хонаи обод ато созад.

Наврӯзатон фирӯз, ҳар рӯзатон Наврӯз бошад, дӯстони азиз!

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *