Ҳар модар фарзандро ба дунё овардаба воя мерасонад,ба умеде, ки дар дами пирӣ асои дасташ ва такягоҳаш гардад. Вале сад афсӯс фарзандоне ёфт мешаванд, умеду ормонҳои ширини волидонро барбод дода, баҳри пулу чизи муфт хизматгори хоинон мегарданд.
Имрӯз нооромӣ ва нофаҳмие, ки миёни мардуми Бадахшон ба миён омад, албатта, барои тамоми мардуми тоҷик ҳодисаи нангине аст, ки хотироти талху рӯзҳои бади солҳои ҷанги шаҳрвандиро ба хотир меорад.
Мо ҷавонон, бонувон, умуман мардуми шарафманди тоҷик бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намегузорем, ки хоинони миллат Тоҷикистони азизи моро поймол созанд.
Пас, мардуми сарбаланди Бадахшон, биёед ба гуфтаи душманони миллат амал накунед ва ин ҳама неъмат, дороӣ ва бузургиро қадр намоед.
Аъзоёни фаъоли КИ ҲХДТ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров