Рубрики
Uncategorized

Бобоҷон Ғафуров: Таассурот тантанаи ҷашни Истиқлоли кишвар

Санаи  9- сентябр дар  назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ба ифтихори  ҷашни  30- солагии  Истиқлоли  кишвари  азизамон  Тоҷикистон  чорабинии  пуршукӯҳи  идона  доир  гардид, ки  дар он  зиёда  аз  20 ҳазор  нафар  сокинони  касбу  кори  гуногун  раҳпаймоӣ намуданд. Аз ҷумла, 300 нафар ҳизбиён низ ширкат варзиданд.

Мо  – кормандон ва фаъолони Кумитаи иҷроияи ноҳиявӣ аз ин чорабинии калони идона як ҷаҳон таассуроти хуб гирифта, бори дигар шукргузорӣ аз Истиқлол ва тинҷиву оромии кишвар намудем.

Дар ҳақиқат, неъмате беҳтар аз соҳибистиқлолию сулҳ нест ва мардуми мо аз рӯзҳои аввали ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ сулҳу созишро гиромӣ медоранд. Дар даврони соҳибистиқлолӣ мардуми кишвар  дар  раванди  барқарорсозӣ  ва  ташаккули  пояҳои  давлату  давлатдории  навин, таъмину  амнияти  оромии  кишвар  саъюу талоши  беандоза  дорад.

Миллати  тоҷик  ҳамчун  куҳантарин  миллати  бумии  минтақа  ва яке  аз  қадимтарин  дар  ҷаҳон,  аз оғоз  миллати  тамаддунофар  ва  давлатсоз буд. Таърих  давлати  миллии  моро  зиёд  медонад, ки моломол аз саҳифаҳои ифтихоромез ҳаст. Ҳамаи дастовардҳои  даврони Истиқлол  боиси  сарфарозии ҳар  як  шаҳрванди  ватандӯсти  кишвар  буда, дар чорабинии  идона  мардум  тавонист, натиҷаи  самараҳои  30-соли  Истиқлолро бо як руҳияи идона  таҷассум  намояд.

Ҳар як нафар фарди ҷомеа бояд барои ҳифзу гиромидошти Истиқлоли давлати бояд саҳми худро гузошта, барои ободии Ватан, ҳифзи манфиатҳои давлатӣ, тарбияи насли ояндасози миллат ҷавонону наврасон дар руҳияи ифтихори миллӣ ва боз ҳам баланд бардоштани обрӯву нуфузи Тоҷикистони биҳиштосоямон кӯшиш ба харҷ диҳад.

Тоҷикистон азиз барои ҷовидонии Истиқлоли давлатӣ, пойдории ваҳдати миллӣ, парафшонии Парчами давалтӣ, барои пешрафт ва зиндагии шоистаи мардум ва барои фатҳи қуллаҳои баланд бо Пешвои муаззами миллат ба пеш. 

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *