Рубрики
Uncategorized

ДЕВАШТИЧ: Лаънат ба носипосон!

                        

Тоҷикистон дар масири 30 – соли соҳибистиқлолӣ бо вуҷуди аз сар гузаронидани ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, шикастанҳову сӯхтанҳо ба дастовардҳои азими иқтисодиву иҷтимоӣ ноил гардида, имрӯз дар ҷомеа  суботи комили сиёсӣ таъмин аст. Ин ҳама пешравию муваффақиятҳои самараи сиёсати оқилона ва дурбинонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар такя ба нерӯи хиради мардум рӯи даст омаданд. Аммо дар ҷомеаи имрӯз ҳастанд нохалафону бадбинон, бадкешону нотавонбинон, ки чашми ҳақбин надоранд, камтарин мушкилоти ҷомеаро тавре паҳн мекунанд, ки гӯиё мусибати калоне ба сари миллат омада бошад ва бо дархости хоҷагони берунаи худ барои бадном намудани давлат ва миллат саъю талош меварзанд. Ин гуна аҳримансифатон қодиранд, ки ба хотири манфиатҳои хеш ҳатто Ватан, Модар ва миллати хешро фурӯшанд.

Амали ноҷавонмардонаи аҳримансифатон боис бар он гардидааст, ки бо истифода аз амалҳои хакерӣ, шикастану ба даст овардани рамз  ба саҳифаи фейсбукии  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Деваштич ворид шуда, аз номи ҳизбиёни ноҳия дар саҳифаи “Озодандешон” ишораи мусбат гузоштанд. Навиштаҳои иғвогароёнаи алайҳи давлат ва ҳукумат ба мантиқ рост намеояд, зеро ҳизбиёну фаъолони ноҳияи Деваштич чун дигар ташкилотҳои ҳизбии кишвар сиёсати давлатии Пешвои муаззами миллатро куллан дастгирӣ мекунанд ва ифтихор аз он доранд, ки сарварии ҳизбро шахсияте бар дӯш доранд, ки маҳз ба миллат саодат овард ва онро аз вартаи нобудӣ раҳоӣ бахшид. Барномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон сарчашма мегиранд аз барномаву стратегияҳои давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон. Пас афкор, андешаи ҳизбиён ин садоқат ба Миллат, садоқат ба Президент аст.

Ин амалкарди душманони миллат ҳаргиз ирода ва масъулияти мо ҳизбиёнро дар назди халқу Ватан намешиканад, баръакс моро боз ҳам муттаҳид ва сарҷамъ ва муҳиматар аз ҳама қавитар дар атрофи Пешвои муаззами миллат мегардонад.

Лаънат ба хоинон, лаънат ба кӯрдилон, лаънат ба носипосон!

  КИ ҲХДТ дар ноҳияи ДЕВАШТИЧ

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *