Рубрики
Асосӣ

Н. АШТ: АНДЕША: Терроризм –хатари ҷиддии асри XXI

Имрӯз терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва ба осудагии ҳар як сокинони сайёра таҳдид карда, барои башарият хатари на камтар аз силоҳи ядроиро ба миён овардааст ва қурбониёни ҳарчӣ бештари терроризм дар ин ё он минтақа асосан ҷавонон мебошанд. Аз ин рӯ мо ҷавоноро мебояд, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, сабаби афкори терроризмро амиқ ва пайваста биомӯзем ва барои дафъи он кӯшиш ба харҷ диҳем, то ки сулҳ, ваҳдат ва амнияти кишвари азизамон ҳифз гардад.

Нагузорем, ки ҳар гуна андешаҳои носолим мағзу шуури  ҳаммилатони моро заҳролуд намояд. Барои ин мо насли ҷавонро мебояд,  дар роҳи ватанпарварӣ, инсондӯстӣ, поквиҷдонӣ давлату миллат, арзишҳои таърихии худро аз  нерӯҳои мухолифини ҷомеа ҳифз намоем. Баҳри ободиву гул-гулшукуфии диёри хеш бо матонату иродаи қавӣ ҳиссагузор бошем.   

Аъзоёни гурӯҳи тарғиботии назди КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ашт

Терроризм – содир намудани амалҳое мебошад, ки ба одамон хатари марг ба миён меоварад, истифодаи он мақсади ҷисман бартараф кардани рақиби сиёсӣ, вайрон кардани бехатарии ҷамъиятӣ, тарсонидани аҳолӣ ё расонидани таъсир барои аз тарафи ҳокимият қабул кардани қарорҳо мебошад.

Дар ибтидои асри XXI  инсоният бо хатари ҷиддие, ки ба бақои одаму олам таҳдид менамояд, рӯбарӯ гаштааст, ки номи он терроризми байналмилалӣ мебошад. Албатта, сухани онҳое, ки мегӯянд, терроризм падидае аст, ки инсониятро дар тамоми тӯли таърихи мавҷудияташ ҳамроҳӣ намуда омадааст, беасос нест.

Дар аҳди қадим, асрҳои миёна ва давраи нав ҳам одамони алоҳида ва ҳам гурӯҳҳои муташаккили сиёсию мазҳабие буданд, ки ба воситаи тарсонидану даҳшатафганӣ мехостанд, мақсадҳои худро ба гардани дигарон бор намоянд. Дар ин давраҳо ҳам амалҳои террористӣ боиси кушта шудани шумораи зиёди одамони бегуноҳ мегардид.

Ба муқобили ифратгароӣ бояд ҳама мубориза баранд. Имрӯз терроризм беш аз пеш хусусияти фаромиллӣ ва глобалӣ касб мекунад. Он дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон доман паҳн карда, хатари бузурги иҷтимоӣ дорад ва барои амнияти давлатҳои алоҳида ва минтақаҳо, воқеан, таҳдид эҷод менамояд. Тоҷикистон, ки ҷанги таҳмилии шаҳрвандиро аз сар гузаронидааст ва мардуми он бо зуҳуроти зишти ин падидаи ғайриинсонӣ аз наздик ошно мебошад, роҳбарияти кишвар ҷонибдори муборизаи қотеъ ва ҳамоҳангшудаи ҷомеаи ҷаҳонӣ бар зидди терроризм аст. Айнӣ замон масъалаи амалҳои террористӣ дар ҷаҳон муташанниҷ боқӣ мемонад. Сарфи назар аз тадбирҳои солҳои охир андешидашуда дар бахши мубориза бо терроризм, таҳдиди амалҳои нави террористӣ на фақат аз байн нарафтааст, балки афзоиш ёфтааст. Дар гӯшаҳои гуногуни ҷаҳон фаъолшавии созмонҳои террористӣ ва ташкилоту созмонҳои маблағгузори онҳо ба мушоҳида мерасад.

Мо, ҷавонон, тариқи расонаҳои хабарӣ хуб дарк кардаем, ки терроризм ва ифратгароӣ оқибатҳои бади марговар дошта, қасди нобудии миллатҳо ва мақсади ғулом гардонидани мардумро дорад.

Ҷавонони тоҷик, ки аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қишри ояндасоз ва хазинаи тиллоии миллат дониста шудаанд, хеҷ гоҳ фирефтаи гурӯҳҳои иртиҷоӣ ва нооромкунандаи ҷомеа нахоҳанд шуд.

Бо эътимоди қавӣ ва боварии комил метавон гуфт, ки ҷавонони аз ин падидаҳои номатлуби асри нав,  худро дур гирифта, барои ворид нашудан ба гурӯҳои террористию ифратгароӣ нангу номуси миллии худро баланд бардошта барои таъмини амнияти кишвар, пойдории ваҳдати миллӣ ва рушди босуботи Тоҷикистони соҳибистиқлол кӯшиш хоҳанд кард.

    Шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ашт

Терроризм ва экстремизм – ҳамчун вабои аср

Бесабаб нест, ки дар иртибот бо ин падидаҳои оламсӯз – Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин иброз доштанд: “Имрӯз терроризм ва экстремизм ҳамчун вобаи аср ва ҳар як сокини сайёра таҳдид карда, барои башарият хатари на камтар аз силоҳҳи ядроиро ба миён овардааст”.

Оре, оқибати он бесуботӣ  ва вайронкорӣ аст.  Инсоният ба зуҳроти хатарноке мубтало шудааст, ки барои аз байн бурдан ва решакан намудани он  ҷомеаи ҷаҳон бояд дар ҳамбастагӣ мубориза баранд.

Ин падидаҳо дар ибтидо асосҳои маънавии ҷомеаро хароб менамояд. Бо амалҳои ғайриинсониаш дар соҳаҳои мухталиф аз ҷумла, илм, фарҳанг, дин, сиёсат, расму ойин, идеология таъсири манфӣ мегузорад. Онҳо ин андешаҳои нопокро баштар дар миёни ҷавонон паҳн намуда, онҳоро ба доми худ мекашанд. Ҷавононро гумроҳ месозанд. Чунки ҷавонон тез фирефтаи таблиғоти бебунёди ифротӣ мешаванд. Сатҳи пасти шароити зиндагӣ, камсаводӣ, дур аз донишу таърихи гузашта, сатҳи пасти маърифат, дониши ҳуқуқӣ онҳоро бо ин роҳ мебаранд.

Бадбахтона, як зумра ҷавонони гумроҳи кишвари мо ба доми фиреби ин гурӯҳҳои ҷиноятпеша афтода, рӯзгори орому осуда, Ватани ободу шукуфон, падару модар,  ҳамсару фарзандон ва хешу таборонро тарк намуда, ҷони худро зери хатар мегузоранд.

Бинобар он, падару модаронро лозим аст, ки ғами фардои фарзандонашонро бихӯранд, аз хурдсолӣ дунболи тарбия гарданд. Вазифаи муқаддаси ҳар як волидайн ва ҷомеа дар Тоҷикистон ин аст, ки дар ҳифзи арзишҳои миллӣ ва марзу буми Ватани азиз,  ки номаш Тоҷикистон аст, мубориз бошанд.

Мо бо боварӣ мегӯем, ки ҳеҷ сиёҳкор ё бадкирдор наметавонад иродаи матини моро бишканад.

Сулҳу Ваҳдат, Истиқлолият барои ҳар яки мо, азизу муқаддас аст. Тоҷикистон талошҳои худро вусъат бахшида, дар самти муборизаи самарабахш бар зидди хатару таҳдидҳои замони муосир шарики ҳамаи давлатҳои дунё ва созмонҳои байналмиллаливу минтақавӣ хоҳад буд.

Шуъбаи кор бо занони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ашт

АНДЕША: Нерӯҳои мухталифи ҷангҷӯю вайронкор имрӯзҳо дар гӯшаву канори олам даст ба қатлу куштор мезананд. Биноҳоро месӯзонанд, хонаҳоро ба коми оташ меандозанд, шаҳрҳоро харобу валангор месозанд, ёдгориҳои таърихиро аз байн мебаранд. Онҳо чун Заҳҳоки морон фаъолият мекунанд, то насли инсонро аз рӯи замин нест намоянд.

   Имрӯз моро зарур аст, ки дӯсту душманро бишносем ва ҷомеаро аз тоифаи нохалафон тамиз бисозем. Мо набояд ба ин масъалаи ҳаётии миллат, ки ба ҳастии мо зарба мезанад бетараф набошем. Бояд ба ин гуна сиёсатҳои зиддимиллӣ ва шахсони ба фарҳанги миллии бегона, ки зери пардаи дин паноҳ бурдаанд, ҷавоби дандоншикан гардонида, рафтори  номаҳдудашонро маҳкум созем. Зеро ҳадафи давлат ташкили давлати миллӣ ва арзишҳои миллӣ мебошад.

   Аъзоёни гурӯҳи тарғиботии назди КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ашт

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *