Дар ташкилоти ибтидоии ҲХДТ дар назди РАТСИН-и ноҳияи Ашт маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботии ташкилоти ибтидоӣ баргузор гардид, ки дар он Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ашт Хушнуд Каримзода, раиси Шӯрои собиқадорони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ашт Мадаминова М. иштирок намуданд.
Дар маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботӣ ташкилоти ибтидоии ҲХДТ дар назди РАТСИН-и ноҳияи Ашт масъалаҳои зерин мавриди баррасӣ қарор гирифтанд:
- Ҳисоботи ташкилоти ибтидоӣ оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият дар давраи аз моҳи июни соли 2021 то моҳи июни соли 2022 ва вазифагузориҳо барои фаъолияти минбаъда.
- Тасдиқи нақшаи кории ташкилоти ибтидоӣ барои нимсолаи дуюми соли 2022
- Интихоби раиси ташкилоти ибтидоии ҲХДТ дар назди РАТСИН-и ноҳияи Ашт
- Интихоби вакилон ба Конференсияи ҳисоботӣ – интихоботии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ашт.
- Масъалаҳои ҷори
Аз рӯи масъалаи якуми рӯзнома ҳисоботи ташкилоти ибтидоӣ оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият дар давраи аз моҳи июни соли 2021 то моҳи июни соли 2022 ва вазифагузориҳо барои фаъолияти минбаъда раиси ташкилоти ибтидоӣ баромад намуд.
Доир ба масъалаи дуюми рӯзнома оиди тасдиқи нақшаи кории ташкилоти ибтидоӣ барои нимсолаи дуюми соли 2022, раиси ташкилоти ибтидоии ҲХДТ дар назди РАТСИН-и ноҳияи Ашт бо лоиҳаи нақшаи кории ташкилоти ибтидоӣ шинос намуда, бо назардошти тағиру иловаҳо ба нақшаи кории ташкилоти ибтидоӣ барои нимсолаи дуюм тасдиқ карда шуд.
Аз рӯи масъалаи сеюми рӯзнома интихоби раиси ташкилоти ибтидоии ҲХДТ дар назди РАТСИН-и ноҳияи Ашт бо пешниҳоди раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ашт Хушнуд Каримзод ва аъзоёни ҳизб ба раиси ташкилоти ибтидоии ҲХДТ дар назди РАТСИН-и ноҳияи Ашт Ахмедова М. интихоб карда шуд.
Инчунин аз руйи масъалаи чоруми рӯзнома интихоби вакилон ба Конференсияи ҳисоботӣ – интихоботии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ашт раиси ташкилоти ибтидоии ҲХДТ дар назди РАТСИН-и ноҳияи Ашт Ахмедова М. қайд намуд, ки мутобиқи қарори маҷлиси кумиҷроияи ноҳиявӣ меъёри намояндагӣ аз 50 нафар аъзои ҲХДТ 1 нафар муқаррар карда шудааст, ки аз ташкилоти ибтидоии ҲХДТ дар назди РАТСИН-и ноҳияи Ашт 1 -нафар вакил ба Конференсияи ҳисоботӣ – интихоботии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ашт пешниҳод карда шуд.
Дар охир раиси Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб Хушнуд Каримзода ба раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ дар иҷрои вазифаи пурмасъул муваффақият хост. Инчунин дар ҷараёни ҷаласа дигар масъалаҳо аз ҷумла оиди саривақтии иҷроиши “Обуна – 2023” ба нашрияҳои ҳизбии “Минбари халқ” ва “Сухани халқ” ва ҷобаҷогузории ҳуҷҷатҳои ҳизбӣ мавриди муҳокима қарор гирифта шуд.