Рубрики
Асосӣ

Н. БОБОҶОН ҒАФУРОВ: Бадхоҳон ба мақсад намерасанд

Вокуниш: Имрӯзҳо  Тоҷикистони  азизамон шукӯҳу  шаҳомати беҳамто  дорад.  Зеро дар  фазои  ободу  осуда  мардуми кишвар  зисту  зиндагии  хубу осуда доранд  ва  аз ободиву  озодии  мамалакат  шукргузорӣ  мекунанд.

Аммо нафарони  пастмаърифату  разолатпеша  ободиву  суботи  кишварро халалдор карданӣ   мешаванд. Кас дар  ҳайрат  мемонад, ки чаро  баъзе  нафарон  дасту  дил  ва  нияти  нопок  доранд  ва  комёбиву  пешрафти  Тоҷикистони соҳибистиқлолро  дидан  намехоҳанд. Баҳри  ободии  диёр  сангу  хиште  нагузошта, баръакс  нисбати миллату  меҳан ҳисси  бадхоҳӣ  доранд. Лекин  ин  бадхоҳон, ки қалбу нияти  нопок  доранд,  ҳеҷ  гоҳ ба  мақсад намерасанд.

Мардуми  сарбаланди тоҷик , ки  аз  азал  хиради  хешро дорост, бо сарвари  хирадманду  оқили худ Пешвои  миллат муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон роҳи  бахту саодатро интихоб кардааст  ва  имрӯзҳо  Тоҷикистон ҳамчун  кишваре  шинохта  шудааст,  ки  таҷрибаи сулҳофариаш  дар кишварҳои  мухталифи  олам  омӯхта мешавад.

Ба  онҳое,  ки имрӯзҳо  ҳаёти  осоиштаи  кишварро халалдор  карданӣ ҳастанд,  гуфтанием, ки имрӯзҳо  халқи  тоҷик сарҷамъ асту  намегузорад,  ки он  рӯзҳои  мудҳиши ҷанги шаҳрвандӣ такрор  шавад. Баҳри  ҳифзи  марзу буми  худ  ҳамеша омода  аст!

Касе  ки хиёнат мекунад, бахшида  намешавад.

«Касе,  ки  иштибоҳ  мекунад,  бахшидан  мумкин  аст,  аммо  касе  ки  хиёнат  мекунад  бахшида  намешавад.”

Оре,  дуруст аст. Хиёнат  гуноҳи  нобахшиданист. Хиёнаткороне,  ки  ба хоки поки  Ватан чашм  ало  мекунанд, гуноҳашонро ҳеҷ  гоҳ халқу  миллат  намебахшад.

Ҳодисаҳое,  ки  моҳи  май  дар минтақаи  Хоруғ рӯй  дод,  ягон  нафари  ватандӯстро  бетараф  гузошта наметавонад. Зеро  Хоруғ  як  пораи  хоки Ватани  азизи  мост.  Ватан  ин  сарзамини  маҳбуби  мо, зодгоҳи  мост.  Ҷоест,  ки  мо онҷо  ба дунё  омадаему  ҳамаи хотироти  беҳтарини  кӯдакию  ҷавониро инҷо паси  сар   кардем.  З-ин  сабаб  намегузорем,  ки  ин  хотираҳо  нопадид  гардаду  ба  хуну  хок  мубаддал гардад.

Ҳамеша  хоҳони  онем, ки ҳеҷ  як  нафар фикри  вайрон намудани осоиштагию  ободии  Ватани  мо бошад.  Хоҳони  онем, ки Тоҷикистони  азиз  то  абад сарзабзу  хуррам  ва тинҷу  обод  бошад.

Аъзои  фаъоли ҳизб дар  ноҳия

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *