Маҷлисҳои ҳисоботӣ-интихоботӣ дар ноҳия бомаром идома дорад. Санаи 14.06.2022 низ дар ташкилоти ибтидоии “БН №2” маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботӣ баргузор гардид.
Ёдовар мешавем, ки дар маҷлиси ҳисоботӣ – интихоботии ташкилоти ибтидоӣ масъалаҳои зерин мавриди баррасӣ қарор дошт:
1.Ҳисоботи ташкилоти ибтидоӣ оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият дар давраи аз моҳи июни соли 2021 то моҳи июни соли 2022 ва вазифаҳо барои фаъолияти минбаъда;
2. Тасдиқи нақшаи кории ташкилоти ибтидои ҳизбӣ барои нимсолаи дуюми соли 2022;
3.Интихоби раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ;
4. Интихоби вакилон ба конференсияи ҳисоботӣ- интихоботии ташкилоти ҳизбӣ дар шаҳри Хуҷанд;
5. Масъалаҳои ташкилӣ.
Дар маҷлис намояндагон аз кумиҷроияи ноҳиявӣ, Раиси ташкилоти ибтидоии мазкур Баротов Иномҷон ва аъзоёни фаъоли ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ иштирок намуданд.
Тибқи масъалаи якум ва дуюми рўзномаи маҷлис натиҷаҳои фаъолияти ташкилот аз моҳи июни соли 2021 то моҳи июни соли 2022 баррасӣ шуда, нақшаи фаъолияти он барои нимсолаи дуюми соли 2022 муайян гардид.
Дар асосӣ масъалаи сеюми рўзномаи маҷлис бошад бо тарафдории аъзои ташкилот Баротов Иномҷон дигарбора раиси ташкилоти ибтидоии “БН №2 ” интихоб шуд.
Аз рӯи масъалаи чорум дар маҷлиси ҳисоботӣ – интихоботӣ 3 нафар вакилон аз аъзоёни фаъоли ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ ба конференсияи ҳисоботӣ – интихоботӣ ҲХДТ дар шаҳр интихоб гардиданд.
Дар идома намоянда аз кумиҷроияи ноҳиявӣ Акбарзода Маъруф суханронӣ намуда, раис ва аъзоёни навинтихобшударо табрик намуда, ҳисоботи ташкилоти ибтидоиро қаноатбахш ҳисобид ва иброз дошт, ки сулҳу ваҳдат, ҳизби пешрафт ин ҳама шукуфоии Ватани мост. Дастгирии ҳаматарафаи аъзои ҳизб, бо кор нишон додани хеш, ташаббускорӣ, ватандӯстӣ ва миллатпарварӣ, такя намудан ба шахсони боистеъдод ва бофарҳанг, тарбия кардани кадрҳои ҳозиразамони сиёсӣ, мусоидат кардан ба пешрафти Тоҷикистони азиз мақсади асосии Раиси ҳизб ва ҳамаи аъзоёни он мебошад. Инчунин, бобати тақвият бахшидани фаъолияти ҳизбӣ, вусъат додани корҳои созандаию бунёдкорӣ тавсияҳои муфид дода шуд.
Дар охир дар вазъияти тантанавӣ ба якчанд аъзоёни фаъол Сипосномаи КИ ҲХДТ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров супорида шуд.