Рубрики
Асосӣ

Н. БОБОҶОН ҒАФУРОВ: Мулоқот бо занони хонашин

     Тибқи нақшаи чорабиниҳои КИВ  ҲХДТ  дар маҳаллаи Кулангири ҷамоати деҳоти Ҳайдар Усмонови ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо иштироки мудири шуъбаи занони кумитаи иҷроияи вилоятӣ – Заррина Раҳмон, мудири шуъбаи ҷавонони КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд – Мирмуллоев Назирҷон, намояндаи кумитаи иҷроияи ноҳиявӣ – Солиева М бо занону бонувони хонашин мулоқот доир гардид. Нахуст, муовини раиси ҷамоат Шодибоева М мақсади баргузории ин вохӯриро шарҳу тавзеҳ намуд. Дар ин мулоқот баромадчиён мавзӯъҳои даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар амал татбиқ намудани Қонуни ҶТ “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим”, “Масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро, ҷудошавии оилаҳои ҷавон, истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигиро мавриди муҳокима қарор доданд. Зикр гардид, ки занро дар зиндагӣ тавоно ва созанда гуфтаанд, ки дар ниҳоди ин калимаҳо маъноҳои хеле зиёд ғунҷоиш ёфтааст. Занон тавоногии худро на ба сухан, балки ба амал бояд нишон дода тавониста бошанд.

    Инчунин, аз бонувони арҷманд даъват ба амал оварда шуд, ки нисбати имрӯзу фардои миллати худ бетафовут набошанд. Арзишҳо ва дастовардҳои Тоҷикистони азизро пос доранд, фарзандони худро дар руҳияи ватандӯстиву меҳанпарастӣ тарбия намуда, барои боз ҳам ободию гулгулшукуфии кишвар саҳми арзандаи хешро гузоранд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *