Рубрики
Uncategorized

Н. Деваштич: Вохӯрии кормандон бо собиқадорони меҳнат ва устодони соҳибтаҷриба дар кумиҷроияи ноҳиявӣ

Дар бинои КИ ҲХДТ дар ноҳияи Деваштич бахшида ба Соли нави мелодӣ бо ходими барҷастаи сиёсӣ, собиқадори соҳаи хизмати давлатӣ, собиқ раиси КИ ҲХДТ дар ноҳия муҳтарама Ғайбуллоева Муборак бо мақсади арҷгузорӣ ба меҳнату заҳмати собиқадорони соҳа ва дар руҳияи ватандӯстию хештаншиносӣ ва меҳнати содиқона тарбия намудани насли наврас вохӯрии кормандон ва фаъолони ҳизбӣ баргузор гардид. Дар ин вохӯрии судманд Ғайбуллоева Муборак ба кормандон оид ба таҷрибаи фаъолияти кории пурсамари ҳизбӣ ва хизмати софдилонаву содиқона ба Ватан, ба Раиси муаззами Ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аз таҳти дил дӯст доштани Ватан, саҳмгузор будани ҳизбиён дар ободии диёр, омӯхтани илму дониш ва дигар тавсияву ҳидоятҳо, ки дар Паёми Пешвои муаззами миллат баён шудаанд, суханронӣ намуданд.

Дар вохӯрӣ ҳамчунин муовини раиси ноҳия Ганҷина Нуруллозода ва собиқадори меҳнат Зебуннисо Азимова иштирок доштанд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *