Рубрики
Uncategorized

Ободкорӣ мароми мост!

Бо мақсади дар сатҳи баланд истиқбол гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамому ташкилотҳои ибтидоии шаҳри Конибодом корҳои ободонӣ бомаром ҷараён дорад. Аъзоёни ТҶҶ ” Созандагони Ватан” дар ҳудуди коллеҷу литсейҳо, муассисаҳои таълимӣ ба шинонидани ниҳолҳои гуногун, сафед кардани дарахтон, нарм кардани заминҳо, тоза намудани гирду атроф машғул буда, ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бобати самаранок истифодабарии замин дар заминҳои наздиҳавлигии муассисаи худ кишти картошкаро ба роҳ монданд. Чунин иқдомҳо ҷавононро дар рӯҳияи ватандӯстӣ, худогоҳии миллӣ ва ба қадри як порча замини Ватан расидан ҳидоят хоҳад кард. Корҳои ободонӣ дар ин самт дар дигар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ низ идома дорад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *