Баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба ободонӣ ва хуррамгардонии диёри хеш бахшида ба истиқбол гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар боғи “Темурмалик”-и маркази шаҳр шанбегии умумишаҳрӣ доир гардид.
Кулли кормандони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон ва фаъолони ҳизбӣ низ дар шанбегӣ ширкат варзида, баҳри ободонӣ саҳми хешро гузоштанд.