Рубрики
Last News

Ободонӣ – мароми мост

Дар партави дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар саросари кишвари азизамон корҳои ободонию бунёдкорӣ рӯз то рӯз ривоҷу равнақ ёфта истодаанд. Бо мақсади тақвият бахшидан ба корҳои ободониву созандагӣ, тозаю обод гардонидани гирду атроф санаи 1 майи соли 2021 дар ноҳияи Ҷаббор Расулов шанбегии умуминоҳиявӣ баргузор гардид. Аз ҷумла кормандони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷаббор Расулов баҳри ободонию тозагӣ дар атрофи бинои маъмурӣ шанбегӣ баргузор намуданд. Дар шанбегии мазкур гирду атрофи бинои маъмурии КИ ҲХДТ дар ноҳия аз ҳамагуна партовҳо тоза карда шуд.

Инчунин аъзоёни фаъоли ТҶҶ «Созандагони Ватан»-и ноҳия дар оромгоҳи «Ҷонбеко» таҳти унвони «Поси хотир» шанбегӣ баргузор намуда оромгоҳро аз ҳамагуна алафҳои бегона тоза намуданд.

Корҳои ободонӣ баҳри «1300 рӯзи зарбдор» бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон идома дорад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *