Дар урдугоҳи «20-солагии Истиқлолият»-и ноҳияи Ҷаббор Расулов даври ноҳиявии озмуни ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Мо бо Шумоем» дар байни кӯдакону наврасони аз синни 6 то 18 сола, ки ба гурӯҳи маъюбӣ шомиланд бахшида ба муносибати 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи баланди ташкиливу фарҳангӣ бо иштироки раисони ташкилотҳои ибтидоӣ, собиқадорону фаъолони ҲХДТ, кормандони бахши фарҳанги ноҳия, падару модарони иштирокчиёни озмун ва аъзоёни ТҶҶ “Созандагони Ватан” баргузор гардид.
Дар озмун 42 нафар кӯдакону наврасони имконияташон маҳдуд аз рӯи се номинатсия: маҳорати суханварӣ ва қироати шеър, маҳорати сурудхонӣ, маҳорати навохтани асбобҳои мусиқии муосир ва халқӣ аз ҳудуди шаш Ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия ширкат варзида, маҳорату истеъдоди худро рӯи саҳна нишон доданд.
Барои дар сатҳи баланд баргузор намудани озмун аз ҳисоби кормандони бахши фарҳанги ноҳия ва шуъбаи маорифи ноҳия комиссияи озмун таъсис дода шуданд.
Аъзоёни комиссия ба иштирокчиёни озмун барои маҳорату истеъдодашон баҳои сазовор доданд. Инчунин, беҳтаринҳо ба даври вилоятӣ низ муайян гардида, аз рӯи номинатсияи якуми озмун- “Маҳорати суханварӣ ва қироати шеър” ҷойи якум ба хонандаи МТМУ №10 Ҳусаинов Боймуҳаммад, ҷойи дуюм ба хонандаи МТМУ №5 Рашидов Алиҷон, ҷойи сеюм ба хонандаи МТМУ №30 Саидалиев Абдуазиз дода шуд.
Аз рӯи номинатсияи дуюми озмун – “Маҳорати сурудхонӣ” ҷойи якум ба хонандаи МТМУ № 26 Султонов Шукрулло, ҷойи дуюм ба хонандаи МТМУ №20 Валиҷонова Ҷасмина, ҷойи сеюм ба хонандаи МТМУ №40 Очилова Фарангиз дода шуд.
Аз рӯи номинатсияи сеюми озмун – “Маҳорати навохтани асбобҳои мусиқии муосир ва халқӣ” ҷойи якум ба хонандаи МТМУ № 19 Наҷмиддинов Ҷасурбек, ҷойи дуюм ба хонандаи МТМУ №5 Рашидов Маъруфҷон, ҷойи сеюм ба хонандаи МТМУ №16 Ваҳобов Беҳрӯз дода шуд.
Ғолибони даври ноҳиявии озмуни ҷумҳуриявӣ таҳти унвони “Мо бо Шумоем” барои иштирок ба даври вилоятии озмун роҳхат гирифтанд.
Ғолибони озмун бо дипломи КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов мукофотонида шуданд. Ба ғолибон аз ҷониби сарпарастон: ФҶСК «Бонки Имонинтернейшнл» дар ноҳия, ФҶСК «Бонки Арванд» дар ноҳия ва ФҶСК «Бонки Эсхата» дар ноҳия барои ҷои якум 500 сомонӣ, ҷои дуюм 300 сомонӣ ва ҷои сеюм 200 сомонӣ аз рӯи ҳар як номинатсия супорида шуд. Ҳамаи иштирокчиёни озмун аз ҷониби Ташкилоти ҷамъиятии «Меҳру Муҳаббат» бо туҳфаҳои хотиравӣ қадршиносӣ карда шуданд.
Инчунин ба ҳамаи иштирокчиёни озмун аз ҷониби ҶДММ «Манзилоро», ҶДММ «Мутахассисони Роҳи Абрешим» ва соҳибкор Отабоева Гулноза дастархони идона ороста шуд.