Рубрики
Uncategorized

«ОИЛАИ СОЛИМ – ҶОМЕАИ СОЛИМ»

Чунин унвон дошт чорабиние, ки бо ташаббуси Шӯрои собиқадорони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Мастчоҳ дар толори Қасри фарҳанги Ҷамоати деҳоти Оббурдон ба номи Ислом Саломов баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур раиси кумиҷроияи ноҳиявии ҳизб – Дилшод Зокиров, муовини раиси ноҳия – Зайнура Умарзода, раиси суди ноҳияи Мастчоҳ – Алишо Қурбониён, раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати ноҳия – Сурайё Ёқубова, мудири бахши занон ва оилаи ноҳия – Шабнам Иброҳимзода, иҷрокунандаи вазифаи мудири бахши САҲШ дар ноҳияи Мастчоҳ – Илҳом Вализода, раиси маҳфили адабии “Зарафшон” – Маликнеъмат Неъматзода, мутахассисони бахши САҲШ-и Ҷамоатҳои шаҳраку деҳот раисони маҳаллаҳо ва собиқадорону фаъолон ҳузур доштанд.

Дар чорабинӣ тамоми қишри ҷомеа иштирок намуда, дар он масъалаи доғи рӯз – ҷудошавии оилаҳо аксаран миёни ҷавонон ба назар мерасад, мавриди таҳлил ва баррасӣ қарор гирифт, ки бевосита аз ҷониби мақомотҳои дахлдор ироа гардид.

Муовини раиси ноҳияи Мастчоҳ – Зайнура Умарзода чорабиниро ифтитоҳ намуда, мавзӯи маҷлисро шарҳ дод.

Раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Мастчоҳ – Дилшод Зокиров доир ба ҳаёти имрӯзаи оилаҳои солим ва онҳое, ки аз ҷиҳати руҳию равонӣ осебпазиран сухан ронд.

Раиси суди ноҳияи Мастчоҳ – Алишо Қурбониён дар мавзӯи ҷудошавии оилаҳо дар семоҳаи охири соли гузашта ва семоҳаи аввали соли ҷорӣ маълумот дод, ки назар ба соли гузашта 12% кам мебошад.

Иҷрокунандаи вазифаи мудири бахши САҲШ дар ноҳияи Мастчоҳ – Илҳом Вализода, мудири бахши занон ва оилаи МИҲД ноҳия – Шабнам Иброҳимзода, раиси Шӯрои собиқадорони МИҲД ноҳия – Сурайё Ёқубова ва раиси маҳфили адабии “Зарафшон” – Маликнеъмат Неъматов доир ба хушунату зуроварӣ дар оила, нақши зан дар ҷомеаи мутамаддини имрӯзи тоҷик, боло бардоштани нақши зан дар ноҳия, ташкил намудани оилаҳои солим аз ҷониби шахсони солим ва дигар мавзӯъҳо дар робита ба ташкил намудани оилаи солим суханронӣ намуданд.

Дар охир, иштирокчиёни чорабинӣ бо шахсони масъул саволу ҷавоб намуда, ба саволҳои худ ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *