Рубрики
Uncategorized

ОИЛА МУҚАДДАС АСТ

Оила асоситарин, муқаддастарин ва ячейкаи хуртарини давлат ба ҳисоб меравад. Бечиз намегӯянд, ки оилаи солим-пояи асосии ҷомеаи солим аст. Вазифаи ҳар як оила ба воя расониданд ва тарбия намудани насли солим мебошад.

Ҳамасола санаи 15-уми май Рӯзи байлмиллалии оила дар тамоми давлатҳои ҷаҳон таҷлил мегардад. Бо ин мақсад санаи 15 майи соли 2021 мудири шуъбаи занон ва ҷавонони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов Алимова Наргиза бо аъзоёни фаъоли ТИ ҲХДТ «Зуҳал» бахшида ба ин рӯз мизи мудаввар дар мавзӯи «Оила муқаддас аст» баргузор намуд. Алимова Наргиза дар баромади худ дар бораи муқаддас донистани оила, ҳурмату эҳтироми тарафайн дар оила, роҳ надодан ба табъиз, пешгирии зӯроварӣ дар оила, пешгирии ҷудошавии оилаҳо ва дар бораи дигар масъалаҳои мубрами рӯз суханронӣ намуд. Ҳамчунин дар ин мизи мудаввар тавассути видео – роликҳои гуногун барои пешгирии зӯроварӣ дар оила ва муқаддас донистани он корҳои фаҳмондадиҳӣ ба роҳ монда шуд.

Пас аз муҳокимаи масъалаҳои дахлдор аз ҷониби иштирокчиён як қатор пешниҳоду тавсияҳо дода шуданд, аз ҷумла:

– баланд бардоштани нақши волидайн дар тарбияи фарзандон бо мақсади ояндаи ҷомеа;

– андешидани маҷмӯи чораҳои маълумотдиҳию баландбардории маърифатнокии оилаҳо, аз ҷумла оилаҳои ҷавон;

– пешгирии никоҳи хешутаборӣ ва бармаҳал;

– баланд бардоштани масъулияти волидайн ва аҳли фаъоли ҷомеа баҳри пешгирии ҷудошавии оилаҳои ҷавон.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *